ҚИСМАТИ ТАЛХ

Аз бонуфустарин нашрияи вилоятамон – “Сухани халқ” мақолаи таъсирбахшеро қироат кардам, “Бозгашт аз Сурия” ном дошт. Қарор додам, ки онро бе ягон ислоҳу тағйирот ба самъи муштариён бирасонам. Инак, мазмун мақола чунин буд.

Дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Зафаробод бо иштироки роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарияти сохторҳои амниятӣ, роҳбарияти КИ ХҲДТ дар ноҳия ва сокинони ноҳия филми ҳуҷҷатии «Бозгашт аз Сурия», ки аз ҷараёни баргардонидани як нафар шаҳрванди ноҳияи Зафаробод Ҳамроева Гулнора ва 4 фарзандаш аз давлати Сурия  нақл мекард, намоиш дода шуд.

Ҳамроева Гулнора ҳамроҳи шавҳар ва фарзандонаш 2 сол қабл барои кор ба Федератсияи Русия рафта, сипас бо роҳи фиреб аввал ба Туркия ва баъдан ба Сурия интиқол дода мешаванд.

Вақте шавҳараш мефаҳмад, ки   оилаашро фиреб додаанд  мехоҳад, ки аз Сурия фирор намоянд. Аз нақшаи ӯ ҷангиёни ифротгаро воқиф гашта шавҳари Гулнора Ҳамроеваро нобуд месозанд. Гулнора Ҳамроева бо фарзандонаш зиёда аз 11 моҳ ба машаққаятҳои сангин дучор гардида, аз модараш, ки дар Тоҷикистон қарор дошт хоҳиш мекунад, онҳоро наҷот диҳанд.

Вобаста ба дастури Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба  баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо роҳи фиреб ва нофаҳмӣ дар муқоватҳои Сурия ва Ироқ иштирок мекунанд, бо ташаббуси  шӯъбаи дар ноҳияи Зафаробод будаи РКДАМ ҶТ ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии ноҳияи Зафаробод барои баргардонидани сокини ноҳия Ҳамроева Гулнора  ва фарзандонаш зиёда аз 6 моҳ корбарӣ карда шуд. Дар натиҷа Ҳамроева Гулнора ва 4 нафар фарзанди ноболиғаш тавассути хатсайри Истамбул-Душанбе ба ватан баргардонида мешавад.

Дар навор дида мешуд, ки баробари ба зодгоҳаш омадан падару модар, хешу таборон ва ҳамдиёронро эҳсосоти қаноатмандиву ашки шодӣ фарогир буд.

         Баъд аз тамошои филм раиси ноҳия Ашӯрзода Р.Р ва сардори шӯъбаи ноҳиявии КДАМ Сафаров Ф.Ш ба сухан баромада,  доир ба

натиҷаҳои фоҷиаборӣ муқовиматҳои террористӣ ва ҷалби шаҳрвандони бегуноҳ андешаронӣ намуданд.

Таъкид карда шуд, ки дар натиҷаи кутоҳандешӣ гаравиданд ба гурӯҳҳои ифротгаро сокинони бегуноҳ хусусан занону кудакон қурбони ин фоҷиаҳо мегарданд. Сипас Ҳамроева Гулнора ва модараш ба сухан баромада иброз доштанд, ки агар хиради азалӣ, бахшиши гуноҳҳо ва пуштибонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ   Раҳмон намебуд имрӯз моро ба хоки муқаддаси Тоҷикистон бар намегардониданд.

Имрӯз мо аз  ин давлат, аз ин сарзамин аз ин хоки поки муқаддас ва аз Пешвои муаззами миллат шукрона  мекунем. Хусусан Гулнора Ҳамроева таъкид дошт, ки ман ҳеҷ бовар намекардам, ки аз ҳавои Ватан нафас мекашам. Вақте рӯзҳои сангинро аз сар мегузаронидам ба қадри Ватан ба қадри Тоҷикистон сулҳу субот ва осмони соф расидам. Ҳазоронбор ба Пешвои Миллат сохторҳои амниятӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ миннатдорӣ баён мекунам, ки моро ба  Ватани азизамон баргардониданд.

Зикр гардид, ки ҳар як сокини Тоҷикистон бояд шукронаи Ватан, шукронаи ваҳдату истиқлол ва Падари ғамхору раҳнамои халқ Эмомалӣ Раҳмонро карда, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, фирефтаи ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро нагарданд. Ҳаёти худро дар хатар волидайн ва хешутаборонро сарсон ва овора насозанд.

Гулнора Ҳамроева иброз дошт, ки бо пуштибонии Пешвои Миллат имрӯз ман ҳаёти осудаву ором дорам.

Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти ноҳия аз 4 нафар фарзандони сарсонгашта, ки 2 нафарашон таи 2 сол дари мактабро надида буданд, ба МТМУ №5 фаро гирифта шуданд.

Тамошои филм ва мулоқот бо Гулнора Ҳамроева, ки аз Сурия баргаштааст ба иштирокчиён таасуроти таъсирбахш гузошт ва ба насли ҷавон дарси тарбият буд.

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод тасмим гирифтааст, ки ба 2 нафар фарзанди Ҳамроева Гулнора Шаҳрбону ва Муслима ашёи хониш ва китобҳои дарсӣ тақдим намояд.

Файзулло МАМАДҶОНОВ,
корманди масъули ДИС ДДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *