Раҳбарият ва аъзоёни ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ ТТЭ ҲНИ, ки пайваста аз номи сокинони кишвар худро ҳамчун ҳаводорони ҷомеаи озоду демократӣ нишон медиҳанд, ҳарчанд маълум аст, ки аз ҳар чизи будаву набуда ҳангома сохтанӣ мешаванд. Ҳамаи ин танҳо ба хотири худро сафед кардан ва ҳақиқатро пинҳон доштан аст.
Пас даст ба куштори сайёҳони хориҷӣ задани ТТЭ ҲНИ собит гардид, ки ҷомеаи башарӣ воқеан эътироф кард, ки ҳадафҳои ин афрод бар зидди ҳуқуқ, озодӣ, ҳаёт, қадр, номус ва манфиатҳои башарият ҳастанд. Ҳатто чанде қабл“Настояшее время”- телевизиони муштараки радиои “Озодӣ” ва “Садои Амрико” бо овардани пораҳои мусоҳиба аз забони худи роҳбари ҳамлагарон Ҳусейн Абдусамадовба даст задан ба куштори сайёҳони хориҷӣ комилан исбот кард, ки ин ташкилоти экстремистию террористии ТТЭ ҲНИ мебошад.
Ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ худро зери номи Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон пинҳон намуд. Аслан кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон ҳамон ТТЭ ҲНИ аст, ки бо номи ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ шинохта шудаву дар ҳар кунҷу канор бо номҳои гуногун зуҳур мекунад. ТТЭ ҲНИ бо Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ диққати ҳамаи касонеро, ки ба қадри озодии ин марзу бум мерасанд ва ободии кишварро мехоҳанд, ба он равона карда, ки гӯё рафтори давлату ҳукумат тамоман қонеъ нагардидани ҳаёти ҷомеа аст ва халқро маҷбур месозанд аз давлату миллат дур шуда ба онҳо пайравӣ намоянд.
Ҳарчанд танҳо давлату ҳукумат қодир аст, ки озодӣ ва эҳтиёҷоти мардумро таъмин намоянд. Аммо Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон, ки ҳамон ТТЭ ҲНИ ифротӣ мебошад, берун аз ҳақиқат ва берун аз иродаи мардум мубориза мебарад. Чунончи, аъзоёни ТТЭ ҲНИ бо ҳар роҳ мехоҳанд, ки ҳаёти орому осоиштаи мардумро халалдор намуда, вазъиятро ба монанди “Давлати исломӣ” ба хуну халаф кашанд.
Лекин ба ин бозиҳои фиребона худ халқи ваҳдатофаронаи тоҷикро дигар фиреб дода наметавонанд, зеро халқи мо заҳри ин амалҳои онҳоро дар солҳои навадуми асри гузашта чашида буданд. Дар ҳар давру замон шахсиятҳое пайдо мешаванд, ки ба тақдиру ояндаи миллат саҳмгузор мешаванд. Бо бахти баланди халқи тоҷик шахсияте бо номи Эмомалӣ Раҳмон ба майдони сиёсат ворид гардида, ин миллати парокандаро сарҷамъ намудааст. Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон ба намояндагони ТЭТ ҲНИ ва ҳаммаслакони онҳо бо камоли нафрат менигаранд ва маҳкум мекунанд.