ИЗҲОРОТИ кафедраи менеҷменти ДИС ДДТТ дар ҳошияи амалҳои муғризонаи ҲНИ

Дар оғози соҳибистиқлолии кишвар бо иғвову дасисаи баъзе аз душманони Тоҷикистон ба ҷанги шаҳрвандӣӣ кашида шуд ва оқибатҳои ин ҷанги нангинро мо то ба ҳанӯз эҳсос менамоем. Хушбахтона мо имрӯз шукрона аз он мекунем, ки дар фазои сулҳу ваҳдат ва озодии афкору андеша зиндагӣ дорем. Ва ин албатта ифтихори мо ҷавонон аст, ки барои мо имрӯз шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Дар ҷавоби ҳаимн ғамхориҳои давлату ҳукумат моро мебояд, ки бар зидди зуҳуроти номатлуби аср, бар зидди онҳое, ки мухолифи миллати мо ҳастанд мубориза барем. Амалҳои тӯҳматбори наҳзатиҳо ва дигар мухолифонро маҳкум намуда, барои ҳифзу ҳимояи кишвари худ саҳми сазовор гузорем.

Бо итминони комил гуфта метавонам, дур нест он рӯзе, ки дар дилҳои мардуми рӯи олам танҳо шодиву сурур танинандоз гардида, қабл аз ҳама ҷавонони имрӯза аз ақлу заковати хеш кор мегиранд ва он осори пурғановати гузаштаву имрӯзаро барои ояндагон чун меросхӯри воқеъи, чун арҷгузори ба бобоёни тоҷдор ва чун вориси арзандаи қаҳрамонони халқ бо дилу нияти неку созанда ба хотири фардои дурахшони миллати азизамон Тоҷикистон ба наслҳои ояндаи солим месупоранду бо дасти хеш ояндаи кишвари азизамонро мисоли чаманистон мегардонанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *