Хиёнат дар назди давлату миллат

Роҳбарони ТЭТ ҲНИ дарозои замони мавҷудияти хеш кореро ба ҷуз аз хиёнат ба миллат анҷом надода буданд ва ҳамеша аъмоли онҳо зидди озодӣ ва истиқлоли миллӣ буд. Бо ташкили гирдиҳамоӣ дар шаҳри Берлин барои дигар хиёнаткори Ватан бадани худро собит намуданд. Воқеан, дар вуҷуди ҳар нафари беҳувият ва бозичаи дасти хоҷагони хориҷӣ буда ҳеҷ вақт озодӣ ва хештаншиносии миллӣ мавҷуд нест, барояш ҳеҷ арзише ба ҷуз иҷроиши дастури сармоягузоронаш вуҷуд надорад…

Ин ташкилоти террористӣ пас аз озмоишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ ҳам аз ғаразу ҳамоқатҳои хеш даст накашида, ба тарзи мудовом ба террори давлатӣ машғул шуд ва аз озодиву имконҳое,ки дар заминаи ин созишнома ба даст оварда буд, истифода карда, кӯшид то ҷомеаро сахт мазҳабиву хурофотӣ ва таасубзада намояд. Афкори пучи ин ҳизб зеҳни даҳҳо ҷавононро мағшуш карда, сабаби ба гурӯҳҳои террористӣ пайваст шудани онҳоро гардид. Ҳама амалҳои наҳзатиён хиёнат буд ба давлат, хиёнат ба миллат, хиёнат ба Ватан ва хиёнат ба ҳамаи муқаддасоти ин марзу бум.

Хиёнат бадтарин амал аст, ҳамаи арзишҳои инсониро ботил месозад ва нафари хоин сифати инсониро аз даст медиҳад. Аксари қонуншиканҳо ва ноором сохтани вазъи ҷомеа аз ҷониби аъзо ва раёсати ТЭТ ҲНИ коргардонӣ шудааст. Аз ин рӯ, дар поймол кардани принсипҳои созишномаи сулҳ низ иттиҳоми асосӣ ба худи ТТЭ ҲНИ бармегардад ва равшантарин далели он Абдуҳалим Нзаразода аст, ки даст ба силоҳ бурд ва боиси куштору хунрезӣ гардид.

Роҳбарони ҳизби наҳзат ҷоҳталабона аз дини мубини Ислом сӯиистифода карда, аз худ чеҳраҳои сиёсию мушкилосонкунон вонамуд мекунанд. Вале аҳли ҷомеа найрангҳои ононро медонанд. Наҳзатиҳо аввалин хиёнатро ба миллату мазҳаб кардаанд. Хиёнати ТТЭ ҲНИ ба миллат он аст, ки ба хотири манфиатҳои молиявӣ иродаи кишварҳои бегонаро зидди миллату ватани худ амалӣ мекунад.

Имрӯз мардуми Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ умр ба сар мебаранд, иқтисоди кишвар рушд ва масъалаҳои иҷтимоӣ ҳалли худро пайдо мекунанд.

Абдумавлон Азимов,
доктори илмҳои иқтисод, профессор

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *