ИЗҲОРОТИ кафедраи математикаи олӣ ва технологияҳои инноватсионии мдт дис ддтт нисбати ба баромадҳои хиёнатпешаи халқу ватан дар шабкаҳои иҷтимоӣ

Мо устодони кафедра бо назардошти мушоҳидаву таҳлилҳои хеш вобаста ба вазъи ҷомеаи муосир андешаронӣ намуда, қайд менамоем, ки имрӯз ба ҷомеаи кушоди мо афроди хиёнатпешаи халқу ватан бо ҳаргуна суханҳои беасосу дуруғу бемантиқи худ мехоҳанд байни мардуми кишвар, зиддияту нифоқу кина барангезанд. Дар робита ба ин бояд қайд кард, ки ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ, бахусус Муҳммадиқболи бешарафу Хусейн Ашӯрови кундфаҳм ва дигаре аъзои ҳаракати ифротии Гурӯҳи-24 афрод бо номи Беҳзоди Тағойзодаи заҳрхандадор мебошад, ки дар якҷоягӣ бо маслиҳатҳои хоҷагонаш ҳадафҳои навбатии ғаразнокашонро амалӣ кардан мақсад доранд. И хиёнатпешагон асосан тариқи барномаҳои ифротӣ, дар шабакаи “Фейсбук“ овозаҳо паҳн карда, бо ҳар роҳу васила мехоҳанд худро шахси дунявӣ ва “ҳақиқатҷӯй” шуморида, андешаҳои ифротгароии худро паҳн намуда, ба рӯҳия ва макфураи махсусан ҷавонон таъсир расонда, онҳоро ба амалҳои террористию экстремистӣ ҷалб менамоянд. Ҳадафашон кирдори бераҳмона – расидан ба мақсади ниҳоии худ, ноором сохтани вазъи сиёсӣ, ангехтани зиддият дар миёни қишрҳои ҷомеа, коста намудани обрӯи давлат, эҷоди бесарусомониҳо, ҳамзамон ноҷӯрӣ ворид кардан дар муносибатҳои дипломатии миёни дигар кишварҳо мебошад. Ин рафтору кирдори бадхоҳони миллат бори дигар собит мекунад, ки чунин шахсиятҳои ифротгарои беимон, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки бо гуфти Сарвари кишвар воқеан хоинон ватан, миллат ва дину мазҳаб надоранд, ҳамзамон як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини саӣёра аст. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла дини мубини Ислом надорад ва бо истифода аз номи Ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад. Бинобар ин нагузорем, ки хиёнаткори халқу ватан – М.Садриддини бешараф, Ҳ. Ашӯрови кундфаҳм ва Б.Тағойзодаи ҳасадхӯр дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо дурӯғпардозӣ ва дасисабозии худ нисбати кишвари мо сухан гӯянд. Дар фарҷоми изҳороти хеш бадхоҳони миллатро хотиррасон менамоем, ки тоҷики меҳанпараст гарчанде берун аз кишвар зиндагӣ ва ё муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошта бошад ҳам, ватани худро дӯст медоранд ва баҳри ҳифзи сулҳу суботи комил камари ҳиммат баста, маъруфгари Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд ва рӯз аз рӯз обрую нуфузашро баланд бардошта, бо ин васила, саҳми арзандаи хешро мегузоранд/

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *