ТТЭ ҲНИ – ПМ – ФИТНАКОРУ ИҒВОПЕШАИ ҶОМЕА…

Дар ҷаҳони муосир ва замони пурихтилоф ҳизбу ҳаракатҳо созмонҳо фаъолиятро ба роҳ монда, кӯшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила амалӣ созанд. Чунончӣ, яке аз саркардаи корҳои террористӣ дар кишвар, раҳбарияту аъзоёни собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИ) баҳри пинҳон кардани амалҳои террористии худ дар Аврупо паноҳ ёфта, номи ҳизбро “Паймони миллӣ”(ПМ) ном гузоштаанд. Алҳол бо маслиҳати Кабирӣ яке аз ҳаммаслаки бешарафаш Муҳаммадиқболи Садриддин ва Ашӯров Ҳусейни кундфаҳм тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дар барномаи ифротиашон бо навбат баромад намуда, обрӯву нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ паст кардан кӯшиш доранд. Ҳамин тариқ, раҳбари кунуни “Паймони миллӣ” Кабирӣ ва пайравонаш таҳти сарпарастии хоҷагони хориҷиаш, бо ҳар гуна роҳ худро дар назди мардуми кишвар “адолатпарвар” вонамуд карда, симои финтакору иғвопешаи ҳизби навъсисашро нишон дада истодааст. Баробари ин, Кабирӣ ва Муҳаммадиқболи бешараф ва Ҳӯсейн Ашӯров бояд дарк намоянд, ки мардуми аз кирдорҳои разилонаи наҳзатиҳоро дар фоҷиаи ҷанги шаҳрвандӣ ва дар замони сулҳу оромӣ низ доир ба амалҳои номатлуби қаблию навбатиаш низ воқиф мебошанд. Ёдовар шудан бамаврид аст, ки воқеан мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол барои пойдору безавол ва ҷовидона мондани осудагиву амнияти миллӣ талоши беш аз ҳарвақта мекунад. Зеро ин сарзамини биҳиштосо бо ҷоннисориву ҷонбозиҳои абармардони ҷасуру бонанги миллат ба даст омадааст ва он ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки аз дасти як қабил нохалафоне, чун фитнакорону иғвопеша-душманони миллат боз бар гирдбоди заволёбӣ афтад. Ҳар як фарди бонангу номуси миллат, ки имрӯз дар фазои осудаи Ватан умр ба сар мебарад ва дастовардҳои дар тӯли 30 сол ба даст овардаи халқу ватани хешро қадр мекунад. Мо насли даврони Истиқлол, ки рӯз то рӯз аз файзу самараи он баҳравар ҳастем, рӯзгори худро осудаҳолона пеш бурда, имрӯзу ҳамавақт амалҳои номатлуби нафарони хиёнаткору бадхоҳони миллатро маҳкум менамоем! Мо ҷавонони тоҷик минбаъд низ кӯшиш менамоем, ки кишвари ободгаштаистодаи худро боз ҳам ободтар намоему баҳри пешрафти ҳамаҷонибаи кишварамон ҷидду чаҳд созем. Ин аст, вазифаи аввалиндараҷаи ҷавонони зодаи истиқлоли ватандӯсту ватанпарварӣ равшандили кишвари соҳибистиқлол!

Д. ШАРИПОВ,
сармуаллими кафедраи
тиҷорат ва ҳуқуқ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *