Изҳороти кафедраи математикаи олӣ ва технологияҳои инноватсионии ДИС ДДТТ дар ҳамовозӣ ба суханронии Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҳиндустон Шри М. Ҷ. Акбар

Маълум аст, ки ҲНИТ аз оғози ташкилёбии худ моҳи декабри соли 1991 бо мақсади ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ талош мекард. Яке аз мақсадҳои асосии ин ҳизб, пеш аз ҳама, сарнагун кардани сохти конститутсионӣ ва ба сари қудрат омадан буд. Маҳз бо ҳамин сабаб дар замони ҷанги шаҳрвандӣ фаъолияти ҲНИТ баста шуда буд. Баъд аз Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ (1997) 28 сентябри соли 1999 ва 15 октябри соли 2003 он ҳамчун ҳизби сиёсӣ аз нав номнавис шуда, ба фаъолият шурӯъ кард.
Аҳли устодону омӯзгорони кафедраи математикаи олӣ ва технологияҳои инноватсионии факултети иқтисодиёт ва технологияҳои инноватсионӣ афкору ақида ва ниятҳои разилонаи авомфиребонаи ташкилоти экстремистиву террористии Ҳизби наҳзати ислом, хоссатан роҳбарону пайравони онро қатъиян маҳкум менамоем. Таъкид кардан ба маврид аст, ки ин ҳизби ба ном исломӣ аз рӯзи ташкил гардиданаш то ба имрӯз ба халқу ватани мо заррае бошад ҳам фоида наовардаанд, балки зарару зиёни назаррас расонид, ки худро дар таърихи миллати мо ҳамчун хиёнаткору ватанфурӯш нишон дод.
Ҳиндустон ҳам расман Ҳизби мамнӯъи наҳзати исломиро ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф кард. Мақомоти ин кишвар гуфтанд, фаъолияти ин ҳизб, ки бо сӯистифода аз номи дини ислом давом дорад, “тақаллуби фиребгаронаи як гуруҳи одамон” буда, “ин афроди машкук исломро ба силоҳи ҷанг табдил доданд”.
Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҳиндустон Мубашар Ҷовид Акбар зимни суханронӣ дар Конфронси байналмилалии “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” (Душанбе, 3-4 майи соли 2018) аз ҲНИ як нерӯи бадӣ тавсиф карда, зимни эътирофи саҳми Душанбе дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ гуфт:  “Тоҷикистон фаъолияти ҲНИ-ро ба ҳайси ташкилоти террористӣ манъ кард. Иҷозат диҳед, ин қарорро ба посухи диалектикӣ тағйир диҳам. Идеологияи ин ҳизб зери мафҳуми “наҳзат” чиро дар назар дорад? Ҳамчун мусулмон, ман ба тавлиди ислом бовар дорам, барои он ки зуҳур аз сӯйи Худост”, – изҳор дошт Мубашар Ҷовид Акбар.
Аъзои ҳизб ва раёсати он дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бояд, ки барои пешрафту ободии кишвар, якпорчагии миллати тоҷик, фаъолияти ҳамаҷонибаи созандагии худро баҳри гулгуншавии диёр ҳамчун ҳизби сиёсӣ равона мекард. Масъалаҳои ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ҳимояи тамомияти арзии Тоҷикистон, ҳимоят аз истиқрори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии бародаронаи халқҳои ҷумҳурӣ бояд дар маркази таваҷҷуҳи ин ҳизб буда, ҳамчун вазифаи муқаддаси ин ташкилоти сиёсӣ мебуд. Аммо, мутаассифона, солҳои охир масъулони он фаъолияти зидди конститутсиониро пеша карданд ва шумораи зиёди ҷиноятҳои хусусияти сиёсӣ, террористию экстремистидошта содир намуданд. Махсусан солҳои охир аъзои ин ҳизб дар байни аҳолӣ кинаю адоват барангехтанд, ки ин боиси халалдоршавии ҳаёти осудаи шаҳрвандон ва амнияти ҷамъиятӣ гардид.
Мо, ҳайати устодони кафедраи  математикаи олӣ ва технологияҳои инноватсионӣ ҳаминро таъкид медорем, ки хиёнаткорони миллату давлат бо мурури замон аз амалҳои нопокашон дар назди қонун ва халқ ҷавоб хоҳанд дод!

Аҳли устодони кафедраи
математикаи олӣ ва технологияҳои

 инноватсионии ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *