Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҳиндустон Мубашар Ҷовид Акбар зимни суханронӣ дар Конфронси байналмилалии “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” (Душанбе, 3-4 майи соли 2018) аз ҲНИ як нерӯи бадӣ тавсиф карда, зимни эътирофи саҳми Душанбе дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ гуфт: “Тоҷикистон фаъолияти ҲНИ-ро ба ҳайси ташкилоти террористӣ манъ кард. Иҷозат диҳед, ин қарорро ба посухи диалектикӣ тағйир диҳам. Идеологияи ин ҳизб зери мафҳуми “наҳзат” чиро дар назар дорад? Ҳамчун мусулмон, ман ба тавлиди ислом бовар дорам, барои он ки зуҳур аз сӯйи Худост”, – изҳор дошт Мубашар Ҷовид Акбар.
Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ буда, дин аз давлат ҷудо мебошад. Мафкураи хеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гуруҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад. Бинобар ин қиёс гузоштан миёни қонунгузории амалкунанда ва меъёрҳои шариату дини Ислом хилофи Конститутсия Ҷумхурии Тоҷикистон мебошад. Тарғибу ташвиқи ақидаҳои ифротгароӣ, барангехтани тухми низоъ дар миёни инсонҳо, нодида гирифтани арзишҳои олии давлату миллат, даъвати одамон ба ҷиҳоду муноқишаҳои қавмию мазҳабӣ ва таҳдид ба субботу оромии ҳар як халқияту миллат аз амлу кирдорҳои ҷинояткорона ба ҳисоб рафта, ба ояндаи он хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Мутаассифона, солҳои охир сар боло кардани гуруҳҳои тундраву ифротгаро вазъи сиёсиро дар як қатор кишварҳои олам ноором сохта, боисисодир намудани актҳои террористӣ ва дигар амалу кирдорҳои ҷинояткорона мегарданд. Тоҷикистон низ аз қабили кишварҳое маҳсуб меёбад, ки дар якчанд соли охир дучори амалу кирдориҳои ҷиноӣ,актҳои террористӣ ва фаъолияти ин гуна гурӯҳҳо гардида, барои барҳамзадани онҳо талошу кӯшиш менамояд. Дар ҳақиқат аз таҷриба чандин мисолҳоеро овардан мумкин аст, ки ҷавонон бо ҳидоят ва роҳбаладии руҳониёни алоҳида бо роҳифиреб, гуё барои гирифтани талимоти динӣ ба Ҷумҳуриҳои Исломии Афғонистон ва Покистон сафар карда,баъди чанд муддате ба ташкилотҳои террористию экстремистии байналмиллалӣ ҳамроҳ шуда, дар задухурдҳои ин ташкилотҳо бар зидди ҳукуматҳои қонунии ин давлатҳо ширкат варзидаанд. То ҳол қисме аз онҳо дар ин давлатҳо қарор дошта, тавассути онҳо хочаҳояшон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон низ нияти амали кардани нақшаҳои тахрибкоронаи худро доранд.Агар фарҳанги ифротгароӣ дар ҷомеа ниҳода шавад, ҷомеа худ ба худ ва ба таври табиӣ ба самти хушунат савқ дода мешавад. Зеро дар ҷомеае, ки фарҳанги ифротгароӣ ҳоким шавад, муколама ва гуфтугӯ дар он аз байн меравад.
Таҳлили матолиби нашрнамудаи расонаҳои хабарии дохилию хориҷӣ нишон медиҳад, ки ин зуҳуроти номатлуб натиҷаи манфиатҳои кишварҳои абарқудрати ҷаҳон мебошад. Вале дар навбати дуюм ҳамон кишварҳо худро ҳамчун мубориз барои аз байн бурдани терроризм нишон медиҳанд, ки ин албатта сару кор гирифтан аз стандарти духура мебошад, ки кишвари моро маҳкум менамоянд. Мутаасифона, тайи чандин соли охир терроризму ифратгароӣ дар ҷомеа башарӣ рушд намуда кишварҳоеро ба монандӣ Ироқу Сурия ба гирдоби ҳалокатбори худ дохил намуд, ки акнун ба ҷойи шаҳру деҳоти обод харобазору вайронаҳо боқӣ мондаанду халос. Мутаасифона ба вуҷуд омадани давлати ба ном Исломии Ироқу Шом дар чанд соли охир, амалҳои террористиро дар ҷаҳон ба қадри баландтарин даҳшату ҷаҳолат оварда расонид.
Бадбахтона шаҳрвандони мо низ дар анҷом додани амалҳои терорристии кишварҳои Ироқу Сурия иштирок намудану бархе аз онҳо қурбони чунин саҳнаҳо гардидаанд, ки боиси таасуф аст. Дар Ватан модарону пайвандони онҳо бо ғаму дарди зиёд зиндагӣ доранд. Қисмати дар ҷаҳон боқимонда бошад аз рўйи бемаърифатии мо бедорӣ ба сўйи модар ва ҷони худ санг мезананд, ки камоли ҷавонмардӣ нест. Аз ин рў аз ҷавонон даъват ба амал меорам, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва худро қурбони ин гуна ҳарактҳо насозанд. Зеро оқибатҳои терроризм моро аз модар, аз ёру бародар ва аз ҳама муҳим аз ватан маҳрум месозад. Шукронаи ободию озодии ин давлати маҳбуб карда барои боз ҳам ободу зебо гаштани он камари ҳиммат бояд бубандем.
Факултети иқтисодиёт ва