Яке аз мақсадҳои нангини ҲНИ ин дар кишварамон ҷорӣ кардани мазҳаби шиа мебошад. Яъне мазҳаби Имоми Аъзам барои онҳо маъқул нест ва мехоҳанд ҷавононро гумроҳ карда ба дигар мазҳаб гузаронанд, дар байни аҳолии диндор ҷанҷол барангезанд. Ибтидои солҳои истиқлолият дар кишвари мо шахсоне пайдо шуданд, ки Тоҷикистонро мисли Эрон медиданд ва бо кӯмаку барномарезиҳои хоҷагони худ, мардуми боихлосро бо номи поки ислом ба қатлу куштор кашиданд. Зиёда аз ин, барои расидан ба сари ҳокимият роҳи ташкили ҳизби сиёсии диниро низ ба нақша гирифтанд. Ҳамин тавр Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба миён омад, ки ба ҳаёти иқтисодӣ ва маънавии мо зарари калон расонид.
Аҳли устодону омӯзгорони кафедраи математикаи олӣ ва технологияҳои инноватсионии факултети иқтисодиёт ва технологияҳои инноватсионӣ ниятҳои разилонаю авомфиребонаи ташкилоти экстремистиву террористии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро қатъиян маҳкум менамоем. Таъкид кардан ба маврид аст, ки ин ҳизби ба ном исломӣ аз Эрон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ пуштибонии молӣ мегирифтааст, мақсад доштааст ақидаҳои мазҳаби шиъаи ҷаъфариро дар Тоҷикистон густариш диҳад ва дар Тоҷикистон “Инқилоби исломӣ” ба амал оварад.
“ҲНИТ барои расидан ба ин мақсадҳои шуми худ, то соли 2015 миллионҳо долларро ҷамъ ва садҳо нафарро мусаллаҳ карда бо роҳбарии Ҳоҷӣ Ҳалим зидди давлату ҳукумати қонунӣ ҳамлаи мусаллаҳона намуд ва симои аслии хешро нишон дод”.
Хушбахтона, дар Тоҷикистон заминаи иҷтимоии густариши мазҳаби шиъа вуҷуд надорад ва “кӯшиши Эрон дар ин самт ба ғайр аз нокомиҳо дигар натиҷае намедиҳад, вале сабаби вайрон гаштани муносибатҳои байнидавлатӣ мегардад, ки ин на барои мардуми Эрон манфиат дорад, на ба мардуми Тоҷикистон”.
Мо ҳама тарафдори муносибатҳои покдилона ва беғаразонаи байни кишварҳои худ ҳастем ва умед дорем, ки дар асоси эҳтироми арзишҳои миллии якдигар бо ин кишвари дӯсту бародар ва ҳамдину ҳамфарҳанг ва ҳамзабон, бидуни бозиҳои сиёсӣ-мазҳабӣ алоқаҳои мо дар соҳаҳои гуногун густариш меёбад.
Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҳиндустон Мубашар Ҷовид Акбар зимни суханронӣ дар Конфронси байналмилалии “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” (Душанбе, 3-4 майи соли 2018) аз ҲНИ як нерӯи бадӣ тавсиф карда, зимни эътирофи саҳми Душанбе дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ гуфт: “Тоҷикистон фаъолияти ҲНИ-ро ба ҳайси ташкилоти террористӣ манъ кард. Иҷозат диҳед, ин қарорро ба посухи диалектикӣ тағйир диҳам. Идеологияи ин ҳизб зери мафҳуми “наҳзат” чиро дар назар дорад? Ҳамчун мусулмон, ман ба тавлиди ислом бовар дорам, барои он ки зуҳур аз сӯйи Худост”, – изҳор дошт Мубашар Ҷовид Акбар.
Мо тарафдори андешаҳои Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҳиндустон Мубашар Ҷовид Акбар мебошем ва намегузорем, ки ҳеҷ гуруҳе амнияту осоиштагии кишварро таҳдид кунад.
Аҳли устодони кафедраи математикаи