Дар давоми солҳои 2018 ва 2019 бо дастгирии ташкилоти байналхал-қии САҲА собиқ раиси ташкилоти террористӣ-экстремистии “Ҳизби наҳзати исломӣ” (ТТЭ ҲНИ) Муҳиддин Кабирӣ бо тарафдорони худ дар кишварҳои Аврупо фаъолияти зиддиҳукуматиашонро пурзӯр намудаанд.
9 сентябри соли 2018 ташкилоти террористӣ-экстремистии “Ҳизби наҳзати исломӣ” (ТТЭ ҲНИ) якҷоя бо се созмони камошно, аниқтараш маҷозӣ (виртуалӣ) – Анҷумани озодандешони Тоҷикистон, Ҳаракат барои рушд, Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Иттиҳоди Аврупо оид ба созмон додани ба ном “Паймони миллии Тоҷикистон” дар пойтахти Полша шаҳри Варшава эълон доштанд, ки роҳбари он саркардаи ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ интихоб гардид.
Дар кишварҳои Аврупо озодона фаъолият бурдани роҳбарони собиқ ҲНИ бо ниқоби нави Паймони миллии Тоҷикистон (ПМТ) аз дастгирии созмони САҲА амалӣ шуда истодааст. Онҳо дар шаҳрҳои Варшава, Берлин, Вена нишасти матбуотӣ ташкил намуда, бар муқобили кишвари озоди мо бӯҳтонҳо ва иғвогариҳо эҷод намуда истодаанд. Ба ақидаи онҳо босмачиён қаҳрамонони миллати тоҷик будаанд. Бо ин ақидаашон онҳо моҳияти худашонро дар симои босмачиҳо нишон дода истодаанд, ба монанди ғоратгарӣ, роҳзанӣ, ниқоб кардани дини мубини Ислом ва ғайра.
Мо омӯзгорону кормандони кафедра ҷавонони бонангу номусро даъват менамоем, ки нисбати найрангҳои нави наҳзатиҳо ва тарафдорони онҳо бетараф набошанд, дар мубориза бо онҳо бо хониши хубу аъло, навиштани ҳиссиёт ва мавқеи худ ҷавобгардонанд:
- наҳзатиҳо аз ибтидои ба фаъолият шурӯъ карданашон барои ба сари қудрат омадан мақсади нопоки сарнагун кардани сохти конститутсионии кашварамонро доштанд;
- ҳодисаҳои солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дурустии ин гуфтаҳоро тасдиқ намуданд, яъне куштори ваҳшиёнаи одамони бегуноҳ, горатгарӣ, роҳзанӣ, ҳамкорӣ бо сохторҳои террористии хориҷӣ мисоли равшан мебошад;
- наҳзатиҳо даҳсолаҳо номи мубини Исломро ниқоб карда, барои рушди Исломи ҳақиқӣ заррае ҳам кӯшиш накардаанд;
- дар солҳои пас аз баста шудани сулҳи Ваҳдати миллӣ аз гузаштҳои Президенти кишварамон сӯиистеъмол намуда, барои рушди кишварамон ягон кӯшиш накарданд;
- пас аз ба сари қудрат омадани М.Кабирӣ мақсадҳои нопоки наҳзатиён боз ҳам намоёнтар шуд, яъне бо дастгириҳои зархаридони хориҷӣ онҳо дар соли 2015 бори дигар кӯшиши ғайриқонунӣ сарнагун кардани сохти конститутсиониро карданд, ки мақсадашон амалӣ нагашт;
- аз ҷумлаи шаҳрвандони мо бо ташвиқоти наҳзатиён ба сафи ДИИШ фиристодани садҳо нафар гумроҳшудагон;
- найрангҳои солҳои 2018-2019 бо дастгирии роҳбарони созмони САҲА.
Ҳамаи ин нишон медиҳад, ки мо шаҳрвандони кишварамон ҳеҷ гоҳ ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем, фирефтаи найрангҳои роҳбарони кишварҳои ғарб нагардем.