АМАЛҲОИ ХОИНОНАИ ТТЭ ҲНИ ОШКОР ШУД

         Дар рўзҳои охир тамоми инсонияти  сулҳдўст огоҳ аз он аст, ки ТТЭ ҲНИ таи чанд сол барои ба ҳадафҳои  сиёсӣ расидан мардумро бовар кунониданиянд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост ва ин роҳу воситаро истифода бурда, мехоҳанд дини мубини исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд.

        Бояд қайд кард, ки рўз аз рўз ҷеҳраи манфури ин ҳизб аён шуда,  амалҳои хоинонаи  ТТЭ ҲНИ  ошкор ёфта истодаанд. Дар иртибот ба ин  қайд кардан бамаврид аст, ки ҷавонони зираку ҳушёри донишҷўёни макотиби олии вилоят се сол қалб тасдиқи амалҳои содиршудаи  террористии ҲНИ-ро дар муроҷиатномаи хеш ибрози ақида намуда буданд.

 Онҳо бо мисолҳои амиқ сабабҳои ба сангарҳои ҷангии Сурияву Ироқ ва Покистону Афғонистон кашида шудани ҷавонони тоҷикро маҳз ба “ғояҳои хатою ҷоҳилона”- и ТТЭ ҲНИ шарҳ дода буданд. Воқеан, фикру ақидаи донишҷўён комилан натиҷаи таҳлилу баррасии хубу огоҳонаи вазъи сиёсии ҷаҳони имрўзу фардо маҳсуб меёбад, ки аз чунин андешаварзӣ, фикри сареҳу равшани ҷавонони донишҷў истиқболи ҳамаҷониба бояд намуд.

       Итминони комил дорем, ки минбаъд низ тамоми ҷавонони Тоҷикистони азиз ва берун раъю андешаи солим доранд ва бар зидди терроризм ва ифротгароии динӣ муборизаи беамон хоҳанд бурд. Зеро танҳо дар ҳамҷоягӣ метавон ба ин падидаи номатлуб ва хатарнок муборизаи беамон бурда, амалҳои хоинонаи ТТЭ ҲНИ  ошкору  бо пуррагӣ шикаст бояд дод.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *