Дар симои Кабирӣ хоинии Наҳзатиҳо ошкор шуд!

Тасмими ахири Кабирӣ дар мавриди даст кашидан аз раҳбарии ТЭТ ҲНИ бори дигар собит намуд, ки Кабирӣ на парвои наҳзат ва ҳатто на парвои ислом дорад ва барояш на наҳзат ва на ислом ягон арзиш надоранд, балки барои ӯ аз кадом хоҷае бештар манфиат расад ӯ чамбаракашро ба сӯяш шитобон метобад.

Кабирӣ иддао дорад, ки ҳукумат бархе аз пайравони ҲНИ- ро ташвиқот карда истодаст, ки ба ватан баргарданд ва онҳо гуноҳе надоранд. Иддао дорад, ки агар инҳо гуноҳ надоранд, пас дигар аъзои ин гурӯҳ, ки дар   зиндон ҳастанд, низ бегуноҳанд ва бояд  раҳояшон кунанд. Ин гуфтаи Кабирӣ тамоми гуфтаҳои қаблиашро инкор мекунад ва исбот мекунад, ки Кабирӣ ба хиёнату ҷиноятҳояш иқрор аст. Аммо боз ҳам намедонад, ки аз ин амали мақомот хушҳолӣ кунад ё ғамгин шавад, ки танҳо дар як моҳи охир зиёда аз сад нафар аъзои ин ҳизб аз карда пушаймон шуда, ба ватан баргаштанд ва бахшида шуданд. Албатта, ҷавобашро худаш медонад!

Хиёнатро ба сулҳ як нафар кардааст, яъне Кабирӣ ва дигаронро ба ин хиёнат маҳз ӯ водор кардааст. Аммо дигар чӣ илоҷ, ки ҷинояти нобахшиданиро бо дастури ин хоин онҳо содир кардаанду бояд ҷазо бинанд.

Акнун, ки мақомот мегӯяд ва даъват мекунад, ки Эшони Абдусаттору Абдураҳим (тавре Кабирии хоин гуфтааст) баргарданд, чӣ ҷойи инкору онҳоро гунаҳкор кардан? Хиёнатро ба арзишҳои сулҳ Кабирӣ  кард ва дигаронро ба ин дом гирифтор сохт. Инро на фақат мақомот, балки тамоми миллат медонад. Бигзор аз роҳи хато баргарданд ва дар ватан бошанд!

              Воқеият ва ҳақиқат ба ҳама маълум шуд, ки ТТЭ ҲНИ меъмор ва роҳбалади асосии ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ буд. Амалҳои зишти онҳо  имрӯз ба ҷомеаи байналхалқӣ низ ошкор гардид. Аёмиддин Сатторов, ба гуфти наҳзатиҳо «Мавлавӣ»-и дар филми «Бозгашт аз ҷаҳаннам» ба таври ошкоро ба мардуми кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ расонид, ки чунин ранг гирифтани корро ҳатто роҳбарони наҳзат тасаввур намекарданд ва дар интизораш ҳам набуданд. Ин ошкорбаёнии Аёмиддин Сатторов ба ҳолати шок афтодани роҳбари ҳизби террористӣ –Муҳиддин Кабирӣ хоини давлату миллат боис гардид.

Бар замми ҳамаи ин боз шарм накарда, ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ бо доираҳои ғаразҷӯ ва манфиатхоҳ дар ҷомеа тибқи барномаҳои тарҳрезишуда ва ҳадафманди хоҷагонаш дар хориҷ аз кишвар зидди миллати тоҷик мубориза мебарад, ки ба мақсадҳои нопокаш нахоҳад расид.

Хоинони миллати тоҷик яқин бидонанд, ки ҳеҷ гоҳ ва ҳеҷ вақт ба ҳадафҳои нопоки хеш нахоҳанд расид. Мурдуми шарафманд ва бонангу номуси Тоҷикистон он амалҳоеро, ки дар солҳои навадуми асри гузашта бо дастгирии хоҷагонатон анҷом додед, ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард. Ё ин ки мехостед рӯзи 4-уми сентябри 2015 тавассути А.Назарзода бо тахалуси (Ҳоҷи – Ҳалим) Тоҷикистонро боз ба майдони ҷангу хунрезӣ табдил диҳед. Ва он амалӣ нангине, ки дар ноҳияи Данғара ба вуқуъ пайваст, ки дар он маҳз ТЭТ ҲНИ даст дошт ва бо ин восита мехост Тоҷикистонро дар арсаи байналмиллӣ аз лиҳози амну субот заиф нишон диҳед, фаромӯшношуданист. Тамоми сокинон ва бошандагони Тоҷикистон аз хурд то бузург якдилона аз ҳақиқат огаҳанд ва онро хуш қабул мекунанд.

Мардуми Тоҷикистон дар муҳити сулҳу субот дар ҳамдиливу ва ҳамдигарфаҳмӣ зисту зиндагонӣ доранд. Шумо бодхоҳони миллат фаромӯш накунед, ки мо миллати тавоноем ва арзиши Истиқлолиятро, ки бо ҷонбозиҳо ва заҳмату машақати зиёд ба даст овардаем медонем. Самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон – манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як тоҷик мебошад. Мо аз ин миллати баруманд  ифтихор дорем ва барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кушишу ғайрат  сарфа месозем.

Давлятова Ч.А. н.и.ф.,
муаллимаи калони кафедраи забонҳои хориҷӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *