ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ МАТЕМАТЕКАИ ОЛӢ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИННОВАТСИОНӢ ОИД БА БОЗИҲОИ СИЁСИИ “ГУРӮҲИ 24” БО НОМИ “САДОИ МАРДУМ“.

Гурӯҳҳои ифротии ва мазҳабии гуногун имрӯз дар тамоми ҷаҳон бо мақсадҳои ғаразноку нопокашон  ба монанди «Бародарони мусулмон»,  «Давлати Исломӣ», «Гурӯҳи 24», Ансоруллоҳ» «Ал-Қоида» ҳамкорӣ пайдо карда, сабабгори бесарусомонӣ ва ҳодисаҳои фоҷиабор гардида истодаанд. Боиси таассуф аст, ки онҳо бо ин амалҳояшон дар зеҳну ақли мардуми эътиқодманди ғайримусалмон дар бораи ислом ва пайравони он тасаввуроти нодурустро мустаҳкамтар сохта, бо шунидани номи мусалмон ё ислом террористу экстремистро пеши назар меоранд.Ба ин мисол шуда метавонад барномаи таҳти унвони “Садои мардум ” (“Харакати сиёсии –Гурӯҳи 24), ки ровии он Салмон Холиқов мебошад. Барномаи мазкур бо суханҳои фитнаангезаш барои нооромӣ намудани кишвари мо талоши беҳуда варзида истодааст. Ин афрод ҷавон буда,  дар рафти барномаи онлайн худро “донову сиёсатмадор” ва “адолатпарвар” нишон дода, ба суоли шаҳрвандони кишвари мо ва аз ҷумла, муҳоҷирони меҳнатӣ посухи беасосу бемантиқ ва мисолҳо оварда, бо ин роҳ онҳоро  гумроҳ карданаш ба мушоҳида мерасад. Масалан дар яке аз баромадҳояш, санаи 28 октябри соли 2020, оид ба масоили барқ аз шаҳрандон пурсиш ба амал овард.Дар рафти барнома як афрод-мард гӯё дар муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад, нисбати кишаври соҳибистиқлоли мо суханҳои беҷоя гуфта худро шинос намуд. Дар рафти барнома Салмон Холиқов суол дод, ки ҷои истиқоматаш қуҷо аст? Ин марди ношинос посух дод,  ки  дар “шаҳри Московская област” зиндагӣ мекунад. Бубунед бо ин сухан бесаводи муҳочирони кишвари моро нишон медиҳад. Оё  “шаҳри Московскиий област вуҷуд дорад”? Ин бесаводӣ ва хандаовар аст! Мисоли дигар як зани 40 сола, ки 10 сол боз дар ФР муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад, оид ба масъалаи барқ ҳарф зада мегӯяд, ки гӯё дар Тоҷикистон барои аҳолӣ барои истифодабарии нерӯи барқ маблағи он пешпардохт ба роҳ монда шудааст, ки ин тӯҳмати беасос аст. Хол он, ки  шаҳравндони кишаври мо ҳар моҳ баъд аз истифодабарии барқ маблағи онро пардохт менамоянд. Инчунин дар идомаи суханаш қайд намуд, ки дар кишвари мо сулҳу субот нест.  Хотиррасон мекунем, ки кишвари соҳибистиқлоламонро бо Афғонистон монад кардааст. Шояд ӯ солҳои 90-уми асри гузаштаро дар назар дорад. Ровии доно ба ин суол низ эътибор надода, сукут намуд ва  сухани он занро тасдиқ кард. Агар Салмон Холиқов дар ҳақиқат доно мебуд, хатогии онҳоро  ислоҳ мекард. Бо ин рафтори Салмон Холиқов  шеъри зеринро ба ёд овардан хело бамаврид аст: :

Норафта ба мактабу нафаҳмида сухан,
Аз каҷравии замона домулло шуд.

Ба  Салмон Холиқов гуфтанием, худи ӯ кист, ки имрӯз тибқи дастури хоҷагонаш аз минбари барномаи хориҷӣ сухан ронда, обрую эътибори на  балки  худаш ва инчунин миллати моро шарманда карда истодааст.

Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дар ташаккули илму маърифат боз ҳам собитқадам бошему барои баланд бардоштани сатҳи маърифати фарзандон ва шогирдонамон беш аз пеш ҳиссагузорӣ намоем. Бомаърифатии илмиву динии кулли ҷомеа яке аз роҳҳои муҳими мубориза бо ин вабои аср мебошад. Зеро гуфтаанд: “Ҳама гуна бадӣ, камбудии инсон аз бесаводӣ бармеояд” (Суқрот). Воқеан аз бесаводӣ ва ё камсаводӣ, яке аз омили пайвастани мардум, махсусан ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ ва равияҳо мешаванд.

Бо назардошти масъалаи матраҳгардида  хулосабарорӣ намуда, қайд кардан зарур аст, ки мо душвориҳои зиёд, нобасомониҳоро паси сар намуда, тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи азизамон роҳи созиш ва оштии миллӣ  – роҳи ваҳдатро пеш гирифтем.  Мо бояд барои ҳифзи ин неъмати муттаҳидсоз, кулли мардуми тоҷик муттаҳид ва сарҷамъ бошем. Тоҷикистонро боз ҳам ободу зебо гардонида, ҷашни 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои назаррас пешвоз хоҳем гирифт.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *