ҶИНОЯТҲОИ СОДИР ШУДАИ СОБИҚ АЪЗОЁНИ ҲНИ ВА ГУРEҲҲОИ ХИЁНАТПЕША ОШКОРУ ТАСДИҚ ШУД

Таҳлилҳо собит менамояд, ки аъзоёни собиқ ҲНИ-дар тӯли фаъолияташ, бахусус дар давраи роҳбарии М.Кабирӣ бо истифодаи ҳар гуна фитнаву дасиса бо бадномсозии давлату миллат машғул буд ва имрӯз низ дар Аврупо иқомат дошта, таҳти роҳбарии хоҷагонаш дар ин самт фаъолияташро идома дода истодааст. Дар 5 соли охир, аз ҷониби собиқ аъзоёни ҲНИ беш аз 45адад ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, 17-тои онҳо бошанд, барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти ифротгароӣ ва террористидошта айбдор дониста шуда, ба ҷавогарии  ҷиноятӣ кашида шуданд. Танҳо дар соли 2020 бошад, ҳамагӣ 1091адад ҷинояти хусусияти террористӣ-экстремистидошта ошкор гардида, дар натиҷа 271 нафар аъзо ва тарафдорони равияҳо дастгир карда шуданд. Аз ҷумла, “Ҳизби наҳзати ислом”-17нафар,“Бародарони мусалмон”- 148 нафар; “Давлати исломӣ” -39;“Гурӯҳи 24”- 8; “Ансоруллоҳ”-8; “Ал-қоида”-3 нафар. Хулоса офтобро бо доман пӯшида намешавад ва вақт довар аст, ки ҷиноятҳои содир шудаии собиқ аъзоёни ҲНИ ва гурӯҳҳои хиёнатпеша ошкору тасдиқ шуда истодааст. Ин мисолҳо аз он далолат мекунад, ки ҳоло ҳам дар ҷомеаи мо, мутаассифона, шахсони гумроҳшуда ҳастанд, ки ин сабабгори ин ҳолат асосан ҲНИ гунаҳкори асосӣ мебошад. Бинобар ин, имрӯз ҳар як фарди ҷумҳурӣ, аз ҷумла, ҷавонон бояд дарк намоянд, ки ошкору бартараф намудани ин гуна амалҳои номатлуб на танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамчунин вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди бономуси миллат мебошад. Бо боварии комил метавон иброз дошт, ки мо минбаъд низ баҳри нигоҳ доштани сулҳу субот дар кишвар, таъмини амният, таҳкими Ваҳдати миллӣ, ҳифзу нигоҳдории истиқлол, тақвияти иқтидори давлат ва пешрафти ҷомеа рисолати хешро сарбаландона иҷро намуда, дар муқобили гурӯҳҳо ва ҳизбҳои бадтинат, инсонҳои тангназарону ватанфурӯш дар оянда низ муборизаи беамон хоҳем бурд

 

                                           Ҷӯраев Ҷ.Б. – мудири маркази бақайдгирӣ

                                                             ва машварати ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *