ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ЗАБОНҲОИ ТОҶИКӢ ВА РУСӢ НИСБАТИ М.КАБИРӢ -МАНҚУРТИ ФИРОРӢ

 

Мо, омӯзгорони кафедра нисбати фаъолияти собиқ аъзоёни ҲНИ андешаҳои хешро иброз дошта, қайд менамоем, ки дар солҳои 90-уми асри гузашта  наҳзатиён бо сарпарастии хоҷагони хориҷии худ ба қатлу куштор ва хунрезӣ даст задаанд, ки мардуми тоҷик ин амалҳои ношоиста ва ғайриинсониро аз хотир намебарорад. Ин суханҳо бори дигар бо намоиш додани филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” аён ва бо далелҳои раднашаванда тасдиқ шуд. Пас аз тамошои филми мазкур, андеша карда,  хотираҳо аз филми бадеии Турманистон  ва романи нависандаи қирғиз Чингиз Айтматов, ки он  “Рӯзе дарозтар аз қарн”  ба ном дорад калимаи “Манқурт” ба ёд омад, ки ин калимаро ба назҳатиёни фирорӣ ба роҳбари он М.Кабирӣ шабоҳат додан бамаврид аст. Чингиз Айтматов дар романаш калимаи “Манқурт”-ро шарҳу эзоҳ дода, қайд кардааст, ки ин афрод падару модар, деҳа, забону фарҳанг, ватану миллат ва монанди инҳоро ба хотири арзишҳои бегонаи зиддиинсонӣ мефурӯшад. Барои манқурт итоатгӯйи сухани хоҷааш буда, ӯ бо забони хоҷааш сухан мегӯяд, бо гӯши хоҷааш мешунавад, бо дасти хоҷааш мегирад ва ба пойи хоҷааш роҳ меравад. Барои ин ҳизби назҳатиён, роҳбари он М.Кабирӣ- манқурти фирорӣ на раҳм мешаваду на шафқат.Хулоса, дар тафаккури назҳатиёҳо танҳо бӯйи қатлу куштор ва маҳви инсоният меояд, чун: “ҷиҳод”, “шаҳид шудан” ҷой дода шудааст. Инчунин наҳзатиҳо бо сабаби бегонагӣ аз худ, аз миллат ва аз давлат аз набудани ҳуввияти миллӣ дар бештари ҳафтаномаю маҷаллаҳо бо дастури хоҷагонашон ҳар лаҳза расму ойин, дину мазҳаб ва фарҳангу маърифати бегонаро тарғиб мекунанд. Ин гуна шахсон  хурофотпарасту манқурт ҳастанд ва ҳамин хел будан ва мемонанд.

Аз масъалаи матраҳгардида хулосабарорӣ намуда, қайд кардан зарур аст, ки бояд ҳар як шаҳрванди ба ору номуси кишвар ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орму осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳад ва ҳаргиз фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ ва манқуртони фирорӣ нагардад. Ҳар як инсон махсусан ҷавонон барои дуст доштани ватани азизи худ бояд корҳои неку аъмоли барои ҷомеа манфиатбахшро анҷом бидиҳанд. Фаромӯш набояд кард, ки инсон дар назди Ватан баробари доштани ҳуқуқ ва озодиҳо, инчунин ӯҳдадориҳо ва масъулияти бузург дорад.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *