Изҳороти кафедраи иктисодиёт ва сохибкори оид ба филми мустанади “Решаҳои ноаён”

Мо, хайати омузгорони кафедраи иктисодиёт ва сохибкори амалҳои аъзоёни собиқ ҲНИ, аз ҷумла генерали мардумӣ Саид Қиёмиддини Ғозиро, ки бо ҷурми содир намудани ҷиноят дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доранд ва гунаҳкориашон исбот гардидааст, маҳкум менамоем, онҳо бояд ҷазои худро гиранд. Сар то сари кишвар барои самаранок гардидани тарбияи наврасон ва ҷавонон, ташаккули ҳисси зидди террористӣ ва зидди экстремистӣ дар машғулиятҳои назариявӣ, амалӣ ва ҳангоми таҷрибаи омӯзгорӣ як қатор корҳои илмӣ – методӣ  ва фаҳмондадиҳӣ истифода бурда шавад.
Чунин ашхоси ватанфуруш буд, ки  дар ниқоби Ислом вориди давлатҳои тинҷу осоишта ба мисли Ироқу Сурияву Яман ва дигарон гардида, мардуми бегуноҳро сарсону саргардон ва давлати ободу пешрафтаро валангор гардониданд.
Ин фиреби маслиҳатомези шайтонворонаи чунин ашхоси бадниятро мардуми шарафманди тоҷик як маротиба солҳои 90-ум дид, аз ин имтиҳон  бо роҳбарии Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик гузашт. Тассавур кардан ҳам ҷоиз нест, ки ин миллат ин гуна хиёнаткору палидҳоро бахшидааст ва ё фаромуш кардаасту ба ташаббусҳои разилонаашон бовар карда ҷонибдорӣ мекунад.
Дар урфият мегуянд, ки “Хишти аввал гар ниҳад меъмор каҷ, То ба охир меравад девор каҷ”. Хишти аввали ТЭТ ҲНИ бо нияти ғараз, террор, ваҳшоният, нопок разилона монда шуда буд, ки то ба охир нарафта маълум гардид. Мардуми шарифи Тоҷикистон аз аввал нияту мақсади палидонаи ТЭТ ҲНИ-ро медонист, ҷонибдори накард.
Куштору ваҳшониятҳое, ки аз ҷониби террористони ДИИШ дар хоки давлатҳои исломӣ шуда истодаанд худ гувоҳи онанд, ки аъзоёну пайравони ин ташкилоти террористӣ муҳофизатгари динну диёнат не балки душмани дину арзишҳои миллӣ ҳастанд ва худро дар либоси Ислом орову торо додаанду нақшаву ниятҳои палидонаи хоҷагони пасипардагии хориҷиашонро мехоҳанд амалӣ гардонад.
Дар як вақт ҳангоми тарбияи ғоявии наврасон ва ҷавонон сиёсати хирадмандонаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи самтҳои ҳаёти иҷтимоӣ мавриди таҳлил қарор дода шуда, ҳангоми тарбияи иқтисодӣ ва меҳнатии наврасон ва ҷавонон сиёсати ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор дода шавад  .

Хангоми тарбияи байналмилалӣ ва ташккули ҳиссӣ инсондӯстӣ дар наврасон ва ҷавонон масъалаҳои марбут ба нооромию хунрезиҳо дар Сурия, Ироқ ва давлатҳои ҳамҷавори онҳо, ки террористон ба хок яксон намуданд ва мехоҳанд аз давлатҳои мусулмонӣ «давлати исломӣ» созанд ва ба истиқлолияти давлатҳои номбурда, ки сатҳи иқтисодӣ ва иҷтимоии муътадил доштанд, рахна андохта, давлатҳои мусулмониро ба сатҳи нобуди расонанд инъикос ёбад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *