ВАТАНФРӮШОНИ ВАТАНГАДО

   Терроризм ва экстремизм ва ҲНИ чун вабои асри 21 имрӯз тамоми ҷаҳонро ба ташвиш овардааст ва барои нобудшавии ҷомеаи муосир оварда мерасонад. Имрӯз нисбат ба гурӯҳ ва ҳаракатҳои террористию экстремистӣ (ифротгароӣ), ки аз тарафи баъзе кишварҳои абарқудрат  таъсис дода шуда, сармоягузорӣ мегарданд ва бо истифода аз номи дини мубини Ислом, ки дини поку таҳаммулгароист, ба амалҳои террористию экстремистӣ даст мезананд, хуни ноҳақ мерезанд ва оромию осоиштагӣ ва суботи ҷомеаи башариро халалдор менамоянд, ки бо ин падидаи номатлуб муборизаи оштинопазир бояд бурд.
Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷӯй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ-маънавӣ (ахлоқию динӣ)-ро коҳиш дода, фалаҷ месозанд, баъдан ҳисси нобоварӣ ва таҳдид намуда, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд.
Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи пасти шароити зиндагӣ, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба гуруҳи ифротгаро мегардад.
Дар чунин вазъият ҳар як фарди соҳибмаърифат ва хоссатан падару модарро масъулияти азим мебояд, зеро аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон  яке аз омилҳои мубориза бар зидди падидаи нанговари ҷомеаи имрӯза-терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб меёбад.
Пешвои миллат, Президенти  ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масъала, ки дарди рӯз мебошад, чунин иброз менамояд: «Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».
Ин падида на танҳо ба сиёсати дохилии кишварҳои алоҳида, балки дар муносибатҳои давлатҳои ҷудогона рахнаандозӣ намуда истодааст, ки Президент Э. Раҳмон дар суханронии худ доимо қайд менамояд: «Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳамоварданифазоибоварӣ, эҳтиромба манфиатҳоиҳамдигарвамуттаҳидшуданиҳамаикишварҳоидунёродарпешорӯи ин хатари умумӣ тақозоменамояд».
Муттаҳидӣ ва якдилии мардуми  кишвар дар асоси сулҳу ваҳдат, ободиву бунёдкорӣ аст. Дар ин ҷода  мо бори дигар шоҳиди он гардидаем, ки мардуми худшиносу ватандӯсти мо роҳи ростро интихоб намуда, бо роҳбарии Пешвои миллат барои ояндаи неки фарзандон, ободии Ватани азизи хеш ва эҳтироми суннатҳои гузаштагонамон ҳиссагузорӣ менамоянд.
Дар ҷаҳони муосир бо назардошти рўйдодҳои сиёсии солҳои  охир ва ба хотири ҳимояи ҳадафҳо  ва манфиатҳои хеш тамоми кишварҳо даст ба муборизаҳои беамон задаанд. Ин бархурдҳо дар манотиқи гуногуни дунё шакл, мазмун ва муҳтавои хос ба худ касб намудааст. Аз ҷумла, барои кишварҳои минтақаи Осиё  зиёд ва хеле фаъол гардидани созмону ниҳодҳои динӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои тамоюли динидошта хос мебошад, ки талош менамоянд ба ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоӣ таъсири бештар расонанд.

 

Каримов И.И.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *