Дар шароити феълии рушди ҷомеаи башарӣ раванди ҷаҳонишавӣ ба тамоми самтҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ба шахсиятҳову гурӯҳҳои алоҳида, миллату кишварҳо ва тамаддунҳои гуногун таъсири худро мерасонад.
Имрӯзҳо дар бисёр мамлакатҳо шиорҳо вобаста ба ташкили ҷомеаи шаҳрвандӣ, барпо намудани арзишҳои демократӣ маъмул шуда истодаанд. Аз вазъияти ҳассос истифода бурда, баъзе гурӯҳҳои фитнаангезу дасисабоз бо шиорҳои баланди бунёди фарҳанги демократӣ ва демократикунонии ҷомеа, ҳимояти мукаммали ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ, эҷоди муҳити солим гуруҳбозиву фитнаангезӣ карда истодаанд.
Мардуми шарифи Тоҷикистон аз натиҷаҳои ин фитнакорӣ ва ҷангандозӣ сабақи талхи ҷанги шаҳрвандиро гирифтааст. Ба назари аҳли коллективи кафедраи иқтисодиёти ҷаҳони Донишкадаи иқтисод ва савдо, ташкили гурӯҳҳову анҷуманҳои бо ном “озодандешони тоҷик”, ки мақсади ниҳоияшон ноаён, имрӯзҳо ҷомеаи сулҳпарвару башардӯсти моро ба ташвиш оварда истодааст.
Мо таъсиси гурӯҳҳои кинаангезу фитнакорро қатъиян маҳкум карда, кӯшиш менамоем, ки ҷавонони арҷманди диёрамонро чунин тарбият намеом, ки минбаъд дар сафи тарафдорони сулҳу ваҳдат устувор ҷой бигиранд.
иқтисодиёти ҷаҳон