ҲНИТ ИСЛОМРО НИҚОБИ СИЁСӢ МЕПӮШОНАД

Вакте ки хазрати Иброхим (а) дар хаққи Макка дуо карданд аввал ибодати ахли Маккаро напурсиданд, пеш аз хама гуфтанд, ки Парвардигоро ту ин давлатро ин диёрро тинчу осуда нигох дор баъди ин ризку рузии Маккаро пурсиданд ва дар охир ибодату имони сокинони маккаро хостанд. Аз ин бармеояд, ки Исломи ноб пеш аз хама сулху оромиро тарғиб мекунад, ва кинаву бадбиниву тафрикаандозиро махкум менамояд.
Имрўз дар давлатҳои Шарқи наздик Исломи нобро ба Исломи сиёсӣ табдил додаанд, ки натичаи дахшатбори онро мо хамарўза аз васоити ахбори омма мутоила менамоем. Он видионаворхое, ки дар он аз чониби террористони ба ном давлати исломӣ шахсони бегуноҳу заифону кудакон вахшиёна катл карда мешаванд, магар ин мусалмонист? Магар хазрати Мухаммад (с) исломро хамин тавр аз Худо ба замин овардан? Магар дар Курони карим зикр нашудааст, ки касе ноҳак касеро бикушад мисли қатли тамоми башар аст ва касе нафареро эҳё бикунад мисли он аст, ки тамоми башарро эхё намуда бошад.
Худованд дар ояти 159-и сураи Аном мефармояд, ки он инсонхое, ки дини худро пора пора карданд, гурўҳу фирқаву ҳизб-ҳизб шуданд. Шумо дар ягон кори онҳо ҳамроҳ набошед. Шумо аз онҳо безор бошед, чунки онҳо аз рохи Шумо безор хастанд. Яъне Худованд дар ин ояти муборак дар ислом ҳизбу гурўҳ ташкил карданро махкум менамояд.
Воқеахои даҳшатовару хонумонсузи солхои 90-ум дар Точикистон маҳз бо ташабуси ҳамон нафароне ба миён омада буд, ки мехостанд Исломро сиёсӣ гардонанд.
Дар он солҳо як гурўҳ шахсони мансабталош хостанд, ки Исломро истифода намуда, ба мақсадҳои нопоки худ ноил гарданд. Чи тавре, ки баъдан бархе аз ҷанговарони мухолифин қоил шуда, иброз доштанд, ки аз хориҷа ба онхо яроқу аслиҳаи ҷангӣ, маблағ, хўрокаву пўшока ва хатто ҷанговарони хориҷӣ фиристода мешуданд. Ин кўмакҳо барои мухолифине, ки мехост ҳукумати конунии кишварро сарнагун созад аз куҷо меомаданд? Аз байн рафтани Тоҷикистон хамчун давлат ба манфиати ки буд? Чаро он нафароне, ки худро дар ҳамон солҳо руҳониву мусалмони асил метарошиданд мардумро даъват накарданд, ки майдонҳоро тарк намоянд ва ба бетартибиҳо рох надиханд? Чаро онхо Тоҷикистонро ба вартаи нестӣ мебурданд? Магар кирдорҳои даҳшатбори онвақтаи онҳо аз рўи мусалмонист? Онхо Тоҷикистонро қариб ба нестӣ оварда буданд. Хазинаҳои давлат талаву тороҷ, корхонаву муассисаҳо муфлису бекор, мардум саргардону гуруснаву мотамзада ва Точикистон дар алангаи оташ месўхт.
Кӣ Точикистонро аз ин варта баровард? Кӣ ташабускори сулҳ шуд? Кӣ гурезагонро ба ватан баргардонд? Кӣ Точикистонро ба имрўз расонид?
Дирўзу имрўз собиқ роҳбари ҲНИТ ва ҳаммаслаконаш бо суханҳои хушку холӣ баромад мекунанд, ки ин ҳама иншогари бадбиниву кина ба ин давлату сарзаминанд. ҲНИТ даъво дорад, ки гуё имзои Созишномаи оштии миллӣ миёни хукумати Точикистон ва ХНИТ ба имзо расида бошад. Аммо тамоми он созмонҳову давлатҳои кафили сулх хуб медонанд, ки дар ин созишнома номи ҲНИТ набуда, балки ИНОТ (Иттиҳоди нерўҳои опозитсионии точик) интишор гардидааст.
Албатта ноком гардидани ҲНИТ барои рохбарону хоҷагони ин ҳизб як зарбаи сахт буд, зеро вакилони ҲНИТ -ро аз курсиҳояшон махрум сохт.
Ноком гардидани ҲНИТ пеш аз хама вобаста ба ноўҳдабароиву нодуруст ба роҳ мондани кори ҳизб аз ҷониби роҳбарияти ҲНИТ буд. Пур намудани сафи ҳизб аз ҳисоби шахсони камсаводу бетаҷриба, сиёсикунонии Ислом, ҷалб намудани шахсони чинояткор ба ҳизб, ошкор гардидани корҳои фосиқиву ҳамҷинсгароии роҳбарияти Раёсати олии хизб, мардуми мусалмони точикро ба ду гурўҳ ҷудо намудан, яъне наҳзативу гайринаҳзатӣ, дастгир шудани роҳбарони ҳизб бо яроқу аслиҳаи оташфишон ва ба ин монанд кирдорҳо.
Имрўз рохбарияти ҲНИТ кушиш доранд, ки такя ба созмонхои ғарб кунанд. ҲНИТ имрўз мехохад, ки дар Точикистон он воқеахои хонумонсўз такрор шаванд.
Исломи сиёсӣ ба манфиати кист: дар аввалҳои карни 20 дар як катор давлатхои исломии Шарки наздик гурўҳҳои чудоихоҳ ба миён омаданд, дар ин вақт давлатҳои ғарб ин фурсатро ғанимат дониста гуфтанд, ки агар ин гуруҳҳоои ҷудоихоҳи исломиро бо сиёсат омезиш диҳанд дар байни онҳо ихтилофу тафрика пайдо мешавад ва онҳо бо ҳам овора гашта, дар натича ҷангу хунрезӣ байни онҳо ба миён меояд. Ғарб тавонист ин нақшаи худро амалӣ намояд ва бо осонӣ давлатхои мусалмониро идора кунад. Ҳадафи назҳатиён низ ҳамин аст.

Далер РӮЗИЕВ,
ходими хурди илмии ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *