Сухане чанд аз таърихи хурофоту тундравӣ дар дин ва динситезӣ дар ҷомеаи шӯравӣ

Нахустин баҳсу мунозираҳо миёни мутафаккирон, диншиносон ва баъзе уламои хуруфотпараст ва тундрави дин ҳанӯз дар дунёи қадим ба миён омада, мактабу равияҳои гуногуни диншиносӣ, андешаву афкор ва осори диншиносони Ғарбу Шарқ равшангари ин гуфтаҳост ва мо домани баҳсро дар ин маврид дароз намекашем ва ин мавзӯи сӯҳбати мо нест.
Сиёсати динии давлати абадқудрати Шӯравӣ, ки замоне ҷумҳурии мо низ як ҷузъи таркибии он буд, бар пояи атеизм ва ҷаҳонбинии атеистӣ асос ёфта буд.  Атеизм, ки лафзан ба маънои бехудоӣ ва истилоҳи илҳод ё инкори эътиқоли динӣ аст, қисми таркибии идеалогияи ҳукмрон буд ва ба сурати динситезӣ, дингурезӣ, динрабоӣ ва дар ниҳояти кор дар шакли ифротии (экстремистии) мубориза алайҳи дин – динзудоӣ, маҳвсозии дин зуҳур мекард. Таъбири (тезиси) машҳури К.Маркс «Дин барои мардум афюн аст» шиор ва моҳияту мақсади муносибат ба дин қарор дода шуда, зимнан «афюн» танҳо ба маънои салбии он (як навъи маводи нашъаовар ва тиракунандаи ақли инсон фаҳмида мешуд, ҳол он ки яке аз таърифҳои хеле кутоҳу мухтасар, вале пурмазмун дар мавриди пурсиши «Дин чист?»- ҷавоб чунин аст: «Дин ақл аст». Ва ҳамаи динҳо, бахусус ислом ҳама гуна маводи мухаддирро ҳамчун тиракунандаи ақли инсон, тиракунанда ва заифкунандаи имону  эътиқоди инсон ба дин, ба худо сахт маҳкум месозанд).
Бо мақсади тадбиқи ин сиёсат муборизаи густурдаву оштинопазир  алайҳи дин ва ҳар гуна эътиқоди диниро тақозо мекард, ҷиҳати аз байн бурдани ба истилоҳ «боқимондаҳои динӣ, кӯҳнапарастӣ, хурофот» аз шуури мардум зудудани ҳар гуна андешаи динӣ, аз ҷомеа решакан кардани дин тадбирҳои гуногун андешида амалӣ карда мешуд. Эътиқоди динӣ мафкураи зиёновар, хатарбор арзёбӣ шуда, шахси мӯътақид нафари аз ҳаёт ақибмонда, раҳгумзада ва инсони аз лиҳози ақлу андеша нокомил, ноқис ва беэътимод дониста мешуд, ки бояд ба роҳи дуруст раҳнамоӣ карда, ба ҳаёти солим баргардонида шавад.
Дар ҷараёни пиёда намудани ин сиёсат бисёр масҷиду мадрасаҳо ҳамчун амокини зарарнок ва мероси замони феодалӣ харобу валангнор ва бархеи дигар ба анборҳои колхоз, клубу чойхонаҳои сурх ё чойхонаҳои ҷамиятӣ табдил дода шуда, шахсони саводи кӯҳна (хатми мадраса) дошта гирифтори таъқиб, азобу шиканҷа гаштанд ва ҳазорон китобҳои нодир чун китобҳои динӣ, «зарарнок» бебозгашт сӯхтаву нобуд карда шуданд. Дар донишгоҳҳои олӣ фанҳои махсуси «Атеизми илмӣ», «Комунизми илмӣ» таълим дода мешуд, ки мақсади он аз мағзҳои ҷавонон шустани «боқимондаҳои зарарноки замони гузашта» ва бо ғояҳои «пешқадами замонавӣ» мусаллҳ намудани онҳо буд.
Ҳамон тавре, ки маъмулан дар чигуна мавридҳо ба амал меояд, бар асари сиёсати бехирадона, яктарафа, баъзе расму оин, урфу одатҳои бостонии миллӣ ва мардумии мо аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада ва ғайраҳо зери селоби мубориза алайҳи боқимондаҳои динӣ мондан ва дар он ғарқ гаштанд ва андаке дигар монда буд, ки бо тамом маҳву решакан карда шаванд.
Хусусан дар моҳи мубораки Рамазон корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ алайҳи дин ва усули аркони ислом вусъат ёфта, устодону омӯзгорон, таблиғгарон, табибон фаъол мешуданд, рӯзаи мактабиёну донишҷӯён ва кормандонро зӯран мехӯронданд ва саҳифаҳои матбуоти даврӣ, радиову телевизион мақолаву сӯҳбатҳо дар  мавзӯи «Рӯза ва зарари он»-ро хеле зиёд дарҷ ва пахш мекарданд.
Аммо мубориза алайҳи дин ва эътиқоди динӣ, динситезӣ дар аксари мавридҳо натиҷаи баръакс медод ва вокунишро бармеангехт. Мардум аз рӯи фитрати азалии хеш то ҷое метавонистанд муқовимат мекарданд, пинҳонӣ амал мекарданд ва ҳатто дар баъзе мавридҳо ба амалҳои ифротӣ, тундравӣ даст мезаданд.

Мирмухамедова М.М.,
ассистенти кафедраи
«Иқтисодиёт ва соҳибкорӣ»

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *