Изҳороти кафедраи иқтисодиёт ва соҳибкории ДИС ДДТТ оид ба фаъолияти ТЭТ ҲНИ ва дигар гуруҳҳои ифротӣ  

Имрӯзҳо ҳамагон симои разилонаи ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломиро аз дидаву шунидаҳо ошкор карда ба мардум ҳушдор дода истодаанд, ки дигарбора ба доми фиреби ин нохалафони миллаткуш наафтанд. Зеро аз марҳилаҳои пайдоиш то баста шудани ин ташкилоти террористӣ ягон аъзову пайрави он барои ободонии Ватан ба мисли донаи гандум саҳме нагузоштааст, ки инро вақт ҳамчун ҳаками бузург собит кард.

Ба фаъолияти ин ташкилоти террористӣ агар назар афканем мушоҳида мешавад, ки касе ба ин ташкилоти ифротгароёна шомил шуд, тақдири ояндааш сӯхт. Яъне ё паси панҷара рафт ва ё бехонаву дар шуд, ё аз зану фарзандонаш ҷудо шуд, ё зану фарзандонашро бо дасти худ ваҳшиёна ба қатл расонид ва ё дур аз Ватан ба ёди ёру диёр ҳамчун саги дайду умр ба сар бурда истодааст.

Аз фаъолияти ин ташкилот маълум аст, ки касе ки аз ин ташкилот ҷонибдорӣ кард аз доираи одамигарӣ берун шуд ва дар забон номи поки Худо даст ба амалҳои бешарафонаву разилона ба мисли одамкушиву террористӣ, қатлу куштор, фаҳшу зино ва амалҳои разилона даст зад, ки боиси нафрати тамоми мусалмонон гардид. Дар ҳақиқат имрӯз ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ ба як манбаи даҳшатафканиву террористтайёркунӣ табдил ёфта, аъзову пайравони он ҳатто оддитарин меҳру шафқат ва арзишҳои инсониро поймол карда, бо истифода аз номи дини мубини ислом бар зидди дин ҷанг эълон кардаанд. Ин нохалафон боиси барангехтани кинаву адоват ва тафриқа байни ҳамватанон шуда, мардумро ба сӯи нооромиву ноумедиҳо мекашанд.

Талқини фарҳанги бегона, даъват ба дигар мазҳаб аз шевахои асосии корбарии ҳизби экстремистиву терорристии наҳзати ислом маҳсуб ёфта, рӯз то рӯз  бо воситаи шабакҳои иҷтимоӣ «хизматгузорон»-и ин ҳизби мамнӯъ дар ин самт фаъолияти густурда бурда истодаанд. Тавре маълум аст, дар ҷумҳурӣ ба гирифтани донишҳои динӣ аз тарафи ҳукумат тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Пӯшидани сатру аврат ва мондани ришҳои дарози дилгиркунандаву безеб ба либоси миллию анъанаҳои давлатдории тоҷикон мухолифат менамояд. Фаъолияти хоинонаву ғайриқонуни  ин ҳизб бар хилофи Конститутсия ва дигар қонунҳои давлат ба шумор рафта, аз характери экстремистию террористии ҲНИТ шаҳодат медиҳад.

Ҷомеаи демократӣ волоияти қонун ва риояи онро аз ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳо талаб менамояд. Баста шудани фаъолияти ҲНИТ бо қорори Суди Олии Тоҷикистон минбаъд барои пешгирӣ кардани фаъолияти ифротгароӣ ва бо сиёсат омезиш додани динро пешгирӣ намуда, ҷомеаро дар руҳияи арзишҳои солими қонунию динӣ тарбия менамояд.

Ҳар шаҳрванди ҷумҳуриро зарур аст, ватандӯсту худогоҳ бошанд, дар ягон ҳолат бетарафӣ набояд кард. Нагузорем, ки нафарони нохалаф майнаи ҷавонони моро бо ғояҳои ифротгароёнаи худ пур намоянд. Ба ҳар як ҳуҷуми ин гуна гурӯҳҳои экстремистӣ аслиҳа дошта бошем ва  зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем ва дар гирди давлат ва Пешвои миллат муттаҳид гардем .

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *