ҲИНДУСТОН ҲНИ-РО ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТӢ ЭЪТИРОФ КАРД

Вазъи кунунии чаҳони муосир мо-устодону донишҷӯёни ДИС ДДТТ дар шаҳри Хуҷандро ҳушдор медиҳад, ки ҳамеша ҳушёру зирак бошем. Имрўзҳо неруҳое ҳастанд, ки метавонанд зери нуфузи таъсиргузории хориҷӣ қарор гирифта, вазъи ҷомеаро ноором созанд. Дар Тоҷикистони мо низ неруҳое мавҷуд буданду ҳастанд, ки метавонанд боиси нооромии вазъи ҷомеа гарданд. Ниҳодҳои диниву мазҳабии тундрав ва ҳизби террористию мамнуъшудаи наҳзати исломӣ аз қабили онҳост. Ин ҳизб бо вуҷуди ба даст овардани ҳуқуқи фаъолияти расмӣ натавонист ҷойгохи устувореро дар арсаи сиёсати кишвар касб намояд,  аммо, мутаассифона, бо корбурди номи ислом ва сўиистифода аз эътиқоди мардум то ҳанўз саъю  талошҳои иѓвоангезро ба роҳ мондааст. Наҳзати исломи Тоҷикистон бо истифода аз арзишҳои дини муқаддас солҳои тўлонӣ дар давлати демократии ва ҳуқуқбунёди мо фаъолият карда ин фурсатро барои худ ѓанимат шумурда, чи нақшаҳое паси парда таҳия намуданд. Ва бо чунин  нақшаҳои нопоки худ мехостанд, ки субот ва оромии кишвари маҳбуби моро халалдор созанд.
Ҳиндустон ҳам расман Ҳизби мамнӯъи наҳзати исломиро ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф кард. Мақомоти ин кишвар гуфтанд, фаъолияти ин ҳизб, ки бо сӯистифода аз номи дини ислом давом дорад, “тақаллуби фиребгаронаи як гуруҳи одамон” буда, “ин афроди машкук исломро ба силоҳи ҷанг табдил доданд”.
Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҳиндустон Мубашар Ҷовид Акбар зимни суханронӣ дар Конфронси байналмилалии “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” (Душанбе, 3-4 майи соли 2018) аз ҲНИ як нерӯи бадӣ тавсиф карда, зимни эътирофи саҳми Душанбе дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ гуфт:  “Тоҷикистон фаъолияти ҲНИ-ро ба ҳайси ташкилоти террористӣ манъ кард. Иҷозат диҳед, ин қарорро ба посухи диалектикӣ тағйир диҳам. Идеологияи ин ҳизб зери мафҳуми “наҳзат” чиро дар назар дорад? Ҳамчун мусулмон, ман ба тавлиди ислом бовар дорам, барои он ки зуҳур аз сӯйи Худост”, – изҳор дошт Мубашар Ҷовид Акбар.
“Ин тақаллуби фаъолияти афроди фиребгар аст. Худо исломро паёми сулҳ кард. Ин афроди ҷоҳил исломро ба силоҳи ҷанг табдил доданд. Худо Исломро ба дини гуногунандешӣ табдил дод. Нафароне, ки ба зуҳури дигар бовар надоранд, динро ба ҳадде дигар карданд, ки гӯё ислом зидди нафароне бошад, ки пайравони дигар мазҳабҳоянд”, – афзуд вай. Давоми суҳбати беш аз даҳ дақиқаии худ вазири Ҳиндустон чанд маротиба аз матни расмии суханронӣ канор рафта, ба пайомадҳои хатарбори фаъолияти ҲНИ, таъсири он ба кишварҳои дигари минтақа, ҳамкории зичи ин ҳизби мамнӯъ бо дигар гуруҳҳои террористиву экстремистӣ ва сарчашмаҳои маблағгузории он ишора кард.

Ба гуфтаи вазири Ҳинд, ин ташкилоти террористӣ дар гумроҳсозии садҳо ҷавон, роҳандозии хунрезӣ ва сафарбаркунии ҷавонон ба амалиёти ҷангӣ дар кишварҳои Ховари миёна нақши фаъол дошта, тасмими Тоҷикистон ҷиҳати манъи фаъолият ва эълони ташкилоти террорист-экстремистӣ саривақтӣ буд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *