Дар ҳар ҷомеа, ҳар як инсон, хусусан ҷавонон бояд Ватани худро дӯст доранд, барои Ватан ҳамеша корҳои неку барои ҷомеа манфиатбахшро анҷом диҳанд. Ҳатто яке аз ҳикматҳои ибратомӯзи дини мубини Ислом оиди волоияти арзишҳои ватандӯстӣ чунин аст: “Дӯст доштани Ватан аз имон аст”. Боиси қайд аст, ки ҳар як фард дар назди Ватани худ баробари доштани ҳуқуқҳову, ӯҳдадориҳо боз масъулиятҳои бузургеро ҳам дорад.
Мо, устодони фаъоли донишкада дар посух ба мақолаҳои бӯҳтонангези мубаллиғони ҲНИ гуфтанием, ки бо ин навишатҳои ғаразноки хеш иродаи мардуми шарифи кишварро ба даст оварда наметавонед. Зеро онҳо аз ҳеҷ чи як чиз сохта, бо факту далелҳои дурӯғини худ, мехоҳанд тарафдорони нав пайдо кунанд. Аммо ҳар он «иқдоме», ки онҳо мекунанд, бар зарари худашон аст. Ҷавононе, ки ба ин ҳизб бовар мекунанд, бояд донанд, ки онҳо танҳо барои манфиати худ, хифзи амнияти худ мубориза мебаранд. Тақдири пайравони ҳизб ба онҳо бефарқ аст. Имрӯз Кабирӣ ва дигар ёронаш дар кишварҳои пешрафтаи Аврупо бо маблағҳоихоҷагонашон ба қавле бо давлат ва Ҳукумати кишвар «ҷанги иттилоотӣ» бурда истодаанд.
Ин амали ноҷавонмардонаро онҳо баҳри он анҷом дода истодаанд, ки Тоҷикистонро минбаъд майдони корузори террористону экстремистон гардонанд. Мо қатъиян аз саркардаҳои ҳизб ва ҳаммаслаконашон талаб дорем, ки таҳрибкориро бас кунанд, обрӯи миллати тоҷдори моро дар арсаи ҷаҳонӣ нарезонанд. Ба навиштаҳои муғризонаи худ хотима бахшанд. Баръакс, нафарони ҳамсафу кӯрдили худро ҳушдор диҳанд, ки халқи шарифи кишвар дигар гумроҳиро ба гӯшаи фаромӯшӣ баранд. Мо якдил ва яктанем ва барои ободиву тинҷии мамлакатамон тифоқона кор мебарем. Ягон душман ҳақ надорад, ки бо қиммати ҷони ҳазорон-ҳазор ҷавонон, оҳу зори модарони дилфигор ва заҳматҳои шабонарӯзи Сарвари давлат сулҳи ба дастовардаро ба норомӣ бадал кунад.