М. КАБРӢ ИҒВОГАРИ ҶОМЕА АСТ.

Дар вазъи мураккаби ҷаҳони муосир падидаи номатлуби ифротгароӣ, ки тайи солҳои охир ҷаҳонро фаро гирифтааст ва ҷони бисер инсонро рабудаву кишварҳои орому осударо ба бесариву нооромӣ табдил додааст, боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ аст.

Мақсади ҳар як ҷомеа, ҳар як давлат ва роҳбарияти сиёсии он ташкилу таъмини ҳаёти хушу хуррам ва осудаву ороми халқу диёраш, сарсабзӣ ва сарбаландии миллаташ дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Вале барои ба ин ҳадафҳои воло расидан ғайриихтиёр монеаҳои зиёде пеш меоянд, ки барои рафъи онҳо кӯшишҳои дастаҷамъонаи зиёде лозиманд.

М. Кабирӣ яке аз ғавғогари имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад, ки ба тамоми қишрҳо таъсири манфӣ расонида, боварии мазҳабии онҳоро поймол карда истодааст. Инчуни 08-марти соли 2021 дар чорабинӣ-конфронс дар Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо  шаҳри Варшава баромад намуда, мақсадҳои ғаразноки худро боз барои ноором кардани ҷомеаи ҷаҳони иброз намудааст. Аз рӯи чунин баромадҳо маълум шуд, ки  М. Кабирӣ чун имрӯз иғвогари ҷомеаи муосир мехоҳад бо найрангиҳои сиёсии навбатиаш боз ҷавонон, бахусус ин навбат занонро гумроҳа намуда, ба доми худ кашад. Бояд ёдовар шуд, ки тараққиёти кишвар барои баланд бардоштани обрӯву эътибори тоҷикон дар арсаи ҷаҳон мусоидат кард, аммо ҳаракатҳои ғайриқонунии ин фурӯхташудаҳо, аз ҷумла М. Кабирӣ, ки фаъолиятҳои террористиву экстремистии онҳо низоми давлатдории кишварамонро халалдор намудан равона карда шудааст.Бо боварии комил метавон қайд кард, ки ТТЭ ҲНИ ва пайравонаш ҳаргиз ба мақсадҳои ғаразнокҳояшон наҳоҳан расид.Таъкидан ба М.Кабирӣ хотирррасон мекунем, ки мо ҷавонон дарони соҳибистиқлоли кишвар садди роҳи душманони миллат  мешавем  Хулоса мо, омӯзгорони ҷавон бояд дар сафи пеш истода мубориза бар зидди ТЭТ ҲНИ ва гурӯҳҳои ифротгароӣ, терроризм ва экстремизм қарор бигирем, шогирдонро ба ҳушёриву зиракии сиёсӣ даъват намоем. Ҷавонон бояд донишҳои сиёсиашонро пайваста такмил диҳанд, бояд дарк намоянд, ки Ватани муқаддасамонро ба ҷуз мо каси дигар обод нахоҳад кард. Ояндаи дурахшони Тоҷикистони азизамон ва зиндагии шоистаи мардуми мо аз ҷавонони имрӯза, яъне насли навраси кишвар вобаста аст.

Аз ин рӯ аз тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон, хоса тоҷикони бурунмарзӣ даъват ба амал меоварем, ки ҳаргиз фирефтаи суханҳои ин гурӯҳҳои ифротгароӣ хиёнаткор яъне хоинони миллат аз ҷумла М. Кабирӣ нашаванд. Зиракии сиёсиро аз даст надода пайваста дар фикри ободии сарзамини азизи хеш бошанд. Зеро Ватан барои ҳамаи инсонҳои сайёраи рӯи замин, ононе, ки соҳибватананд, азизу муқаддас аст. Мо, ҳамагон, якҷоя бояд шукргузорӣ аз ҳастии чунин Ватани маҳбубу муқаддасамон кунем ва ҳаргиз ба душманони миллат, яъне хоинони миллат иҷозат надиҳем, ки Ватани маҳбубу муқаддасамонро бадном кунанд, ё дар андешаи парокандагии он бошанд.

Алиев А.Р. – муаллими калони баҳисобгирии

                                                         бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *