ДУШМАНОНИ МИЛЛАТРО БОЯД ШИНОСЕМ!

 

Якдилонаю якзабона ба роҳбарияти собиқ ҲНИ М. Кабирӣ ва дигар пайравону думравонаш гуфтанием, ки ин бадномкуниҳои шумоён ва тӯҳматҳои ноҳақӣ шуморо беасосос ҳисобида, онро маҳкум хоҳем намуд. Воқеан миллату давлат барои хоинони ватан бегона аст, бо роҳи санг задан ба Ватан маблағҳои нопоки хоҷагонашро ба даст мегиранд.

Имрӯзҳо  душманони миллат, собиқ аъзоёни ҲНИ, аз ҷумла,  Муҳаммадиқболи Садриддин тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ  сухан ронда, мехоҳад ҷавононро ба доми фиреби худ кашад. Аммо кирдори ин аблаҳи бешараф ҳамеша мавриди маҳкумият қарор дорад. Бояд М. Кабирӣ, М.Садриддин ва дигар ҳаммаслаконаш донанд, ки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанро, ки аз меваҳои шаҳдбори сулҳу субот ва истиқлолу ваҳдати миллӣ чашидаанд дигар гумроҳ наметавон кард. Зеро мо ҷавонон пайравони асил ва номбардори Ватан будем, ҳастем ва хоҳем монд. Берун аз Ватан ва аз вайронкориҳои худ ва ҳаммаслакон ёд кардаву аз мардумозориву мардумро овораю саргардон карданҳо ёд кардан орзуи ҳамешагии шумост ва бидонед, ки дигар ба мақсад нахоҳед расид.

Имрӯз мардуми Тоҷикистон аз мақсадҳои ин гуна мардуми худпарасту бешарафи мардумбезор ва вайронкорҳои собиқ аъзоёни ҲНИ хуб огаҳӣ доранд. Миллати тоҷик, ки тӯли қарнҳо арзи ҳастӣ намудааст, имрӯз низ мақому манзалати хешро дар байни дигар давлатҳо дар арсаҳои баландпояи ҷаҳони муаррифӣ менамояд. Тоҷикистон чун ба маънои томи худ тоҷдор бо халқу мардуми куҳантамаддунаш бо пояҳои устувору мустаҳкам ҷовидона боқӣ мемонад.

                              

                          Файзиев М.- ассистенти кафедраи математекаи олӣ ва

                               технологияҳои инноватсионӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *