¶ 1 Leave a comment on paragraph 1 0 Ҳамагон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва телевизиони Тоҷикистон суханронии Раиси кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Ятимов ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ю.Раҳмон оид ба вазъи имрўзаи ВМКБ, ки бо иштироки фаъолони вилоят баргузор гардид, тамошо карда, баъди музокираву муҳокимарониҳо ба хулосае омадем, ки ҳадафи асосии Ҳукумати кишвар пеш аз ҳама таъмини сулҳу оромии кишвар, аз ҷумла Бадахшон аст, на тафриқаву ҷудоиандозиҳо.
¶ 2 Leave a comment on paragraph 2 0 Мо агар ба солҳои навадуми қарни гузашта нигоҳе афканем, хуб дарк мекунем, ки чӣ бадбахтиҳое ба сари давлату миллат омада буд. Имрӯз фазои сулҳу оромӣ ва зиндагии осудаи мардуми тоҷик натиҷаи меҳнату заҳматҳои шабонарўзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад ва мо бояд бо шукронаи оромию осудагии ватан кору фаъолият намоем.
¶ 3 Leave a comment on paragraph 3 0 Сафари кории Пешвои миллат ба ҳар як минтақаи Тоҷикистон баробари файзу баракот боз ободкориҳои зиёде ба бор меоварад. Моҳи сентябр бо мақсади шодбошии мардуми Бадахшон бо 28-солагии Истиқлолияти давлатӣ сафари кори Президенти Тоҷикистон ба ин минтақаи дурдаст ҷараён гирифт ва ҳамагон сабти телевизионии ин сафарро тамошо намудем. Ба истифода дода шудани 20 адад иншооти ҷашнӣ бо сарф маблағҳои зиёд аз таваҷчўҳу ғамхории Пешвои миллат нисбати сокинони Бадахшон гувоҳӣ медиҳад. Пешвози гарму самимӣ, чеҳраҳои шоду табъи болидаи аҳолӣ шаҳодати он буд, ки ташрифи Пешвои миллат боиси сарфарозиву сарбаландии эшон шудааст.
¶ 4 Leave a comment on paragraph 4 0 Мутаассифона, тоифае аз мардум ба қадру қимати озодиву истиқлол намерасанд, ё ки расидан намехоҳанд ва бо рафтори ношоями худ нанг ба номи миллати тоҷик меоранд.
¶ 5 Leave a comment on paragraph 5 0 Ҳангоми сафари корӣ Пешвои миллат ба Боми Ҷаҳон дар ВМКБ ба истифода додани 90 иншооти таъиноти гуногун бо маблағи 2 милиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Ин иқдоми созанда мардуми Бадахшонро водор месозад, ки бештар меҳнат намуда, баҳри ободии диёри худ талош варзанд, на балки силоҳ ба даст гирифта аз рўи «қонунҳои нонавиштаи худ» зиндагӣ намоянду фазои орому осудаи на фақат минтақаи худ, балки тамоми ҷумҳуриро халалдор созанд. Аз маълумоти Ситоди байниидоравӣ бармеояд, ки дар Бадахшон баробари мардуми баоруномус, фарҳангсолору меҳмоннавоз шахсоне зиндагӣ мекунанд, ки дар баъзе ҷиноятҳо, аз қабили нигоҳ доштани силоҳи оташфишон, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, тақсимоти ғайриқонунии замин, аз хизмат саркашидани ҷавонон даст доранду аз кардаи хеш боз «фахр» намуда, худро хўҷаин ё соҳибихтиёр меноманд
¶ 6 Leave a comment on paragraph 6 0 Тибқи маълумоти Ситоди байниидоравӣ мусодира намудани теъдоди зиёди силоҳи оташфишон ва ихтиёран ба идораҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳозир шудани нафароне, ки дар кофтукоб қарор доштанд гувоҳӣ аз он медиҳад, ки дастуру супоришоти Пешвои миллат ҳамовозиву дастгирии ҳамаҷониба ёфта истодааст.
¶ 7
Leave a comment on paragraph 7 0
Файзиева Сарвар – н.и.ф.,
муаллимаи калони кафедраи
забонҳои тоҷикӣ ва русӣ