Изҳороти факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтерии ДИС ДДТТ оид ба филми “Хиёнат” ва нақшаву амалҳои нопоки бадхоҳони миллат

Дар шабакаҳои марказии телевизионӣ намоиши филми ҳуҷҷатии «Хиёнат»-ро ҳар бинанда, ки дидан кард, аз кирдорҳои нангини хоинони миллат хабардор мегардад. Миллати тоҷик дар солҳои 90-уми асри гузашта бо дастгирии хоҷагони хориҷӣ аз тарафи ашхоси мансабдор ба ҳодисаҳои нангину сангин дуҷор гардид. Ҷанги бародаркуш аланга зад. Онҳое, ки худро мусулмони боимон метарошиданд, имонашонро фурухта, хиёнат ба дину ақоиди худ намуданд, ба сари мусулмони бародари хеш яроқ бардоштанд. Мардуми бечора фирорӣ гашт. Ба ватани бегона рафта ҷон ба саломат бурд.

Фарзанди содиқи Ватан Эмомалӣ Раҳмон зимоми давлатдориро бо овоздиҳии вакилони мардуми ба даст гирифт, савганд хӯрд, ки ҳамватанонашро аз балои ба сарашон омада озод намуда, ба онҳо сулҳи ҷовидони меорад. Ҳамчунин ӯ ба ваҳдати миллӣ поягузорӣ намуд.

Ашхосе, ки мехостанд бо роҳи табаддулотӣ давлатӣ ба сари мансаб оянд, тарки Тоҷикистон намуданд, ба мақсадҳои ғаразнокӣ хеш нарасиданд.

Боварӣ дорем, ки шаҳрвандони кишвар пас аз тамошои ин филми ҳуҷҷатӣ бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳкимбахши касби хеш гашта, дар корҳои созандагиву ободкорӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолият саҳми арзандаи хешро мегузоранд.

Имрӯз мардуми сарбаланди тоҷик ҳадафҳои нопоки хоинони миллатро маҳкум намуда, таҳти раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот ва ваҳдати миллии тоҷиконро ҳамҷун арзишҳои бисёр муқаддас шуморида, онро яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлолият меҳисобанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *