Наҳзат дар муқобили зиёиёни миллӣ

Агар саҳифаҳои таърихи башарро варақгардон намоем, ба хубӣ раванди муқобалаи тезутунди аҳли  хурофоту таассуби мазҳабиро бо зиёиён дар ҳамаи давру замонҳо мушоҳида мекунем.

Тавре ки маълум аст, ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон (солҳои 1992-1997) дар баробари  хисороти  молию  ҷонӣ, зарари зеҳнӣ, ақлонӣ, ҳувиятӣ, мафкуравӣ ва маданӣ низ бар ҷой гузошт. Дар масири муборизаҳо айёми ҷанги шаҳрвандӣ муаллимон, бахусус, омӯзгорони асил ба мубориза бархостанд ва дар муқобили дастандаркорони наҳзатӣ аз худ фидокорӣ нишон доданд. Ҳанӯз нимаи дуюми солҳои ҳаштодуми асри гузашта мазҳабиёну наҳзатиён таҳқири омӯзгоронро шурӯъ намуданд ва дар ҳамон давра шиори иғвобарангези «нони муаллим ҳаром» (баъзан дар баробари шиори «зани коммунист талоқ аст», шиори «зани муаллим талоқ» ҳам роиҷ буд) миёни қишри муллоёни мутаассиб мӯд шуда буд. Ҳангоме ки наҳзатиён ба марҳилаи ҷадиди бозиҳои сиёсӣ расиданд (ибтидои солҳои навадум, аниқтараш, баҳори соли 1992), ҷанги тан ба тан бо зиёӣ (албатта, манзур зиёиёни асиланд, на анбуҳи зиёинамоҳое, ки дар хидмати мулло буданд ва ё бетарафиро пеша карда, боиси тавсеи фоҷеаи миллат ба дасти наҳзат гардиданд),  сурат гирифт. Як қисм зиёиёни миллӣ пешаи омӯзгорӣ доштанд ва аз ин пешаи пурифтихор нон мехӯрданд. Унвони “муаллими советӣ”, ки замоне боиси обрӯю эътибори қишри омӯзгорӣ буд, дар он айёми бенизомӣ  (аввали солҳои навади асри бистум дар назар аст) чун  тамғаи  таҳқир  ба омӯзгорони асили миллӣ ва ватанӣ зада мешуд. Дар маърази ом ба масхара кашидани муаллим барои хурофотиёни мазҳабӣ, аз ҷумла, наҳзатиёни содиқ ба расми рӯзмарра бадал гардида буд. Террори фикрӣ ва ҷисмии зиёиёне, ки ба муллоёни мутаассиби замон сар фуруд наоварданд, манзараи тарсу ваҳшатро дар саросари қаламрави ҷумҳурӣ дар он замон ба намоиш гузошта буд ва ҳар кӣ ба воқеоти он замон, махсусан, бархӯрди фикрию ақидатии наҳзатиён бо зиёиён сарукор гирифтааст, хуб медонад, ки чӣ балое сари онҳо омада буд.

Маълум, ки ҳадафи амалҳои террористии тарбиятдидагони наҳзатӣ ноҷӯр сохтани вазъи сиёсию иҷтимоӣ ва давра ба давра тағйир додани зеҳни мардум дар қиболи низоми сиёсии дунявӣ ва бартарӣ бахшидан ба тафаккури хурофотии динӣ-мазҳабӣ мебошад.

Барои  хушкандешони  мазҳабӣ ва муддаиёни курсии давлатдорӣ чун рӯзи рӯшан маълум буд, ки бо шикастани рӯҳияи зиёиёни асил  ва тарафи худ кашидани ин қишр давлат ва ҳукумат завол меёбад  ва тардиде барои пирӯзӣ намемонад. Ба ин нияти шум онҳо муборизаи беамонро бар зидди зиёиёни асили миллӣ тақвият бахшиданд ва ба таври расмӣ ба таҳқири онҳо пардохтанд. Ҳатто баъди  суқути  салтанати  кӯтоҳи наҳзат дар минтақа ва ба хориҷ паноҳ бурдани раҳбарияти наҳзатӣ  қатлу куштори сиёсатмадорон, олимон, адибон, рӯзноманигорон ва дар маҷмӯъ, зиёиёни миллӣ поён наёфт. Методикаи тарсонидан ва афкандани даҳшат бо тарсонидани зиёӣ ва фарҳангиёни миллӣ дар низомҳои динӣ-теократӣ, ки наҳзат хостори билофосилаи он аст, шурӯъ мешавад. Бар илова, хомӯш кардани чароғи маърифат, ки ҳамвора зиёӣ афрӯхта медорад, бар уҳдаи наҳзатиён ва наҳзатмаслакон аст.

Дурнамои сиёсати наҳзатӣ ҳамеша бар ин нуқта – ҷаҳолатписандӣ ва риёкорӣ тамаркуз дошта, тамоми созмонҳои террористии мазҳабӣ, новобаста ба хостгоҳу муҳтаво, бо пешгомони раванди маърифатӣ ва фарҳангӣ мубориза мебаранд, чаро ки аз онҳо сахт дар ҳаросанд. Зиёӣ ва фарҳангӣ аст, ки пеш аз дигар қишрҳои иҷтимоӣ  нақшаҳои муғризонаи қишри рӯҳонӣ ва муҳофизакорро бозшиносӣ ва фош мекунад ва ба насли ҷавони ҷомеа бидуни парда пешниҳод месозад.

 

Ардамеҳр АШӮРЗОДА,

ходими калони

илмии АМИТ. “Омӯзгор”

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *