АМАЛҲОИ ТЕРРОРИСТИИ НАҲЗАТИЁН БА ҲАМАГОН АЁН АСТ .

 

Аз ҳафтаи аввали моҳи июли соли равон тариқи телевизиони маҳаллии вилояти Сугд намоиши филми мустанад бо номи “Хиёнат”пахш шуда истодааст. Баъд аз тамошо намудани филми мазкур  баъзе хулосаҳои хешро нисбати паҳлӯҳои фаъолияти таҳрибкоронаи назҳатиён андешаронӣ намуда, ба хулосае омада, қайд кардан бамаврид аст, ки воқеан бе ягон фишороварӣ яке аз муассисони ташкилоти террористӣ-экстремистӣ ҲНИ бо Сатторов Аёмиддин вобаста ба амалҳои террористӣ ва ошуби дар қаламрави Тоҷикистон содиршударо шарҳу эзоҳ дода, ҷиддан М.Кабириро айбдор ва гунаҳкори асосӣ мешуморад.Бо баробари ин додарарӯси М.Кабирӣ бо номи Муҳаммадалӣ Раҳматуллоев, ронадааш Ҳикматулло Сайфов ва ҳамчунин як қатор ҳамдиёронаш бо мисолҳои амиқ М.Кабириро зери эроди ҷиддӣ қарор доданд. Воқеан бе назардошти ин далелҳо ҳам, рӯз аз рӯз ҷеҳраи манфури ҲНИ ва роҳбари он аён шуда, ақидаҳои ғаразонаю тундравонаи онҳо ошкору тасдиқи худро ёфта истодааст. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки ҷавонони зираку ҳушёри донишҷӯёни макотиби олии вилояти Суғд 5 сол қабл тасдиқи амалҳои содиршудаи террористии ҲНИ-ро дар муроҷиатномаи хеш бо мисолҳои амиқ сабабҳои ба сангарҳои ҷангии Сурияву Ироқ ва Покистону Афғонистон кашида шудани ҷавонони тоҷикро маҳз ба ғояҳои ҷоҳилонаи ҲНИ-ро асоснок шарҳ дода буданд. Хулоса, муроҷиатномаи донишҷӯён, комилан натиҷаи таҳлилу баррасии хубу огоҳонаи вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯзу фардо маҳсуб меёбад, ки аз чунин андешаварзӣ, фикри сареҳу равшани ҷавонон истиқболи ҳамаҷониба бояд намуд. Бигзор, тамоми ҷавонони Тоҷикистони азиз ва берун аз марзи кишвар иқомат доранд раъю андешаи солим дошта бошанд!

Имрӯз ҳар яки моро зарур аст, ки пас аз намоиши филми ҳуҷҷатӣ хулосаи зарурӣ бароварда, барои тарбияи ҷавонон дар руҳи ватандӯстӣ, худогоҳи миллию худшиносӣ беш аз пеш талош варзида, баҳри пешрафти Тоҷикистони азизамон ва дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудани миллати куҳанбунёд, соҳибтамаддуну фарҳангдӯстамон камари ҳиммат баста, дар раванди таҷдиди ҷомеа тавассути таҳким бахшидани фикру андешаи нав, бахусус ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он, арзишҳои бунёдии миллатсозӣ ва ватансозиву ватандорӣ бо давлату Ҳукумат ҳамкории фаъолро ба роҳ мондан, тақозои замон аст.

Мамадҷонов Ф.С.-котиби Шӯрои олимони ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *