Изҳороти  факултаи молия ва баҳисобгирии бухгалтерии ДИС ДДТТ

Солҳои охир яке аз мушкилиҳое, ки имрўз тамоми ҷомеаи  муосирро фаро гирифтааст, ин экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлубу хатарзо мебошад. Хусусиятҳои радикализм ва афзудани шумораи одамони ба ин гурўҳҳои  номатлуб шомилшуда бо роҳи  ҷалби пинҳонӣ ва тадриҷан тағйир додани тафаккуру эътиқоди онҳо, зери ниқоби афзалиятҳои динӣ зоҳир мегарданд. Намояндагони гурӯҳҳои даҳшатафкан, дар навбати аввал, бо ҷавононе кор мекунанд, ки таҷрибаи кофии рӯзгор надоранд, донишҳои  дунявӣ ва диниашон сатҳӣ буда,  дар зиндагӣ бо мушкилоте, чун қашшоқӣ, бекорӣ, муҳоҷират ва  монанди ин дучор шудаанд. Бо назардошти он ки тағйироти афкору рафтори афроди ҷалбшаванда, тадриҷан ноаён сурат мегирад ва зери ниқоби асосҳои диние, ки ба тарзи шубҳанок тафсир мешаванд, атрофиён на ҳамеша метавонанд сари вақт нишонаҳои ташвишоварро  пай баранд ва дар натиҷа фурсатеро, ки дахолат кардан ва дигар кардани ҳолат имкон дорад, аз даст медиҳанд.

Ҳоло террроризме, ки исломи пок ва номи Худову Пайғамбарро чун байрақ баланд бардошта, хуни ҳазорону кўдакони бегуноҳ, занону мардони бечораву залилро мерезад, чун хор дар гулистони ҳаёти осоиштаи мардум сар берун мекунад ва барои он гўё чизе дар олам ба ғайр аз куштану сўхтану тарконидан муқаддасу гиромӣ нест.

Имрўз дар тамоми шабакаҳои Интернетӣ ҷавонони зиёде фирефтаи ваъдаҳои зиёди роҳбарияти ин ҳизби сиёсӣ шуда, ҳамсафону ҳамраҳони худро гулу гумроҳ месозанд. Дар чашму зеҳни ҷавонон аз бунёди хаёлии давлату кишвари афсонавие сурату намудҳоро ҷилвагар сохта, пешравию ободонии Тоҷикистони озоду соҳибистиқлолро хурду ҳақир ва ночиз нишон медиҳанд. Фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва пинҳонкориҳои аъзоёни таблиғгару сияҳкори он тадриҷан хатарҳои нав ба навро барои ҷомеаи кунунии мамлакат ба бор оварда истодааст.

Мо, устодон ҳамчунин тақозои онро дорем, ки бе чунин ҳизби бемояву тахрибкор ҳам муҳити сиёсиву фарҳангии Тоҷикистон пок ва рукнҳои давлатдории он қоиму барпо хоҳанд истод. Дар кишвар озодии виҷдон, ибодат, таҷлили иду маросимҳои динӣ ба пуррагӣ кафолат дода шудааст. Бигзор, тамоми ҷавонони Тоҷикистони азиз мо чунин раъю андешаи солим дошта бошанд! Ин аст худшиносиву худогоҳии милливу сиёсӣ ва динӣ!

          Аҳли устодони факултаи молия

 ва баҳисобгирии бухгалтерӣ

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *