Муроҷиатномаи кулли кормандони кафедраи назарияи иқтисоди факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтерии  Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Кулли устодони кафедра ташкили чунин анҷумани озодандешонро маҳкум намуда, қайд менамоем, ки дар асри бистуяк дар замоне, ки технологияи иттилоотӣ ба сатҳи воло расидааст ва ҳама табақаи мардум аз ахбори ҷаҳон огоҳ ҳастанд ва чӣ ҳодисаҳои нохуше, ба сари мардуми бегуноҳ рух медиҳад дида истодаанд. Оромию тинҷие, ки дар Ватани мо  айни ҳол ҳукмфармост дар ягон давлати дунё нест.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми мақомоти сиёсӣ ва қудратии кишвар хатару оқибатҳои тафаккури ифротгароии динӣ ва гурӯҳҳои ифротиро дарк намуда, ба муқобили онҳо муборизаи қатъӣ ва фарогирро ба роҳ мондаанд. Дар айни замон аксари ҷавонони пайрави ин ҳаракатҳо ба шиору таблиғоти роҳбарони онҳо самимона бовар карда, ба ҷангҷўиҳои сиёсию идеологии онҳо дода шуда, умуман дарк карда наметавонанд, ки дар доми фиреб ва хидмати дигарон қарор гирифтаанд. Онҳо дарк намекунанд, ки гирифтори фиреби бузург гашта, дар натиҷа бо дасти худ ватани худро хароб, мардуми худро бадбахт ва фарзандони мардуми худро хору залил менамоянд. Қудрати ин таблиғот то ҷое бузург аст, ки ҷавонони пайрави гурӯҳи ифротӣ, гоҳо содалавҳона гумон мекунанд, ки машғули ҷиҳот мебошанд ва дар ин роҳ шаҳид мешаванд.

Ин вабои аср ба амнияти тамоми давлатҳои ҷаҳон таҳдид намуда истодааст, ки Xумҳурии Тоҷикистон низ аз он беканор намондааст. Аз ин лиҳоз дар Xумҳурии Тоҷикистон  низ пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллӣ худ  ва тамоми ҷаҳон баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои муштарак дар ин самтбаромад мекунад. Зеро, ки Тоҷикистон низ ҷанги шаҳрвандиро аз худ гузаронидааст ва бо зуҳуроти зишти ин падидаи uайриинсонӣ аз наздик ошно мебошад ва ҷонибдори устувори муборизаи қотеъ ва ҳамоҳангшудаи ҷомеъаи ҷаҳонӣ бар зидди он аст.

Айни замон, бархе аз хоинони миллат, аз қабили собиқ намояндагон ва роҳбарони ҲНИТ Тоҷикистон боз ба вартаи муноқишаҳои сиёси ва дасисабозиҳо кашида, вазъи ороми ҷумҳуриро муташанниҷ гардонд ва хостанд бо роҳи экстремизми динӣ низоми  сиёсии интихоб намудаи мардумро вайрон созанд.

Мо кулли устодон ва омўзгорони кафедраи назарияи иқтисоди ДИС ДДТТ ин амалҳои  номатлуб ва иuвоангезонаи ҲНИТ-ро сахт маҳкум менамоем ва тарафдори сиёсати созандаву дурбинона ва хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *