Ҷавонони даврони Истиқлолият бояд худшиносу худогоҳ бошанд

 

  Ҷавонон бояд сабақҳои Истиқлолиятро ҳаматарафа омӯзанд, аз сиёсати имрӯз огоҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаву баргашта варақ зананд ва аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд.                              

                                                                                     Эмомалӣ РАҲМОН


      Масъалаҳои ҷавонон дар соҳаи сиёсат, иҷтимоиёту иқтисодиёт, фарҳанг ва роҳҳои дигари ҳалкунандаи мушкилоти онҳо аз замони Иттиҳоди Шўравӣ то ба имрўз масъалаҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб мерафт. Зеро саҳми ҷавонон барои барқароркуниҳои харобаҳои ҷанг, ба даст овардани истиқлолият, нигоҳ доштани фарҳанг, забон, сарҳад, ҳудуд, марзу буми кишвар назаррас буда, хизматҳои шоён ва қаҳрамониҳои дирўзу имрўзи ҷавонони тоҷикро ба хотири халқ собит сохтаанд. Дар замони имрўза низ ҷавонон ба дигаргуниҳои ҷомеаи навин таъсири мусбӣ мерасонанд, ки ин аз муаррифӣ ва боло бардоштани парчами тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ, истифодаи самараноки воситаҳои техникӣ ва иттилоотии муосир, кўшишу ғайрат, донишу малакаи аз ҷиҳати илм пешрафта, таҷрибаи кофӣ ва саводнокии муносиби онҳо дарак медиҳад.

Бо вуҷуди ин дар марҳилаи имрўза мо бештар ба фаъолияти гуногунсоҳаи давлатию ҷамъиятӣ, хусусан нақшу мақоми  ҷавонону наврасон аз ҷиҳати мусбӣ ва ҳам манфӣ баҳогузорӣ менамоем. Зеро ғайр аз ҷавонони пешсаф вобаста ба тараққиёту рушди ҷомеа ҷавонони дигаре ёфт мешаванд, ки баръакс ба номи ҷавонӣ ғараз меоранд. Ин гуна ҷавонон аз саҳмгузорӣ ба пешбурди ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ, тарбияи ахлоқӣ ва монанди инҳо дурӣ ҷуста, ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва фаъолияти ғайриқонунӣ дошта шомил мешаванд. Баръакс, барои афзудани сафи бекорону муҳоҷирони меҳнатӣ, ҷинояткорию ҳуқуқвайронкунӣ ва дигар ҳодисаҳои номатлуби иҷтимоӣ таъсири манфии худро ба ҷомеа мерасонанд. Аз ин рў, мо дар ин рисолаи илмӣ ба ду чашм ҳам аз ҷиҳати мусбат ва манфӣ нигоҳ мекунем.

Бо назардошти пайдо шудани таъсири дуҷонибаи мусбию манфӣ ба ҳаёти ҷавонон пас аз барҳам хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ ва ба даст овардани истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба дастгирии давлатии татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон аз ҷониби давлат таваҷҷўҳ зоҳир карда шуда, дар як маврид ҷавонон низ барои ҳифзи сохтори худ талошҳо карданд. Аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маротиба байни давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» моҳи марти соли 1992 қабул ва тасдиқ гардид.

Бо қабул гардидани санади меъёрӣ – ҳуқуқии номбурда дар мамлакат таъсис ёфтани мақомоти давлатии ҷавонон ва якчанд созмонҳои дигари ҷамъиятӣ ба монанди Кумитаи кор бо ҷавонони Шӯрои Олии Ҷумҳурии РСС Тоҷикистон, Кумитаи давлатӣ оид ба кор бо ҷавонон, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва ғайраҳо ба назар расиданд, ки самтҳои кори онҳо барои тарбияи ахлоқии ҷавонон, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, ҳифзи саломатӣ, рушди иҷтимоии ҷавонон ва монанди инҳо нигаронида шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нахуст  анҷумани Иттифоқи Ҷавонони Тоҷикистон 17 марти соли 1994 бо таҳлили вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ – иҷтимоии кишвар ва пешомадҳои он ба нақши муҳими ҷавонон дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагӣ, муҳайё намудани шароити муносиб ва кору фаъолият таъкид намуда буд: «Ҳоло ба мо зарур аст, ки ҳамаи он чизи мусбатеро, ки дар соҳаи иқтисодиёт, фарҳангу маънавиёт аз даст додаем, аз нав барқарор намоем. Дар ин кор пеш аз ҳама ба ҷавонон такя мекунем». Аз ҳамин маврид оғоз карда, давлату ҳукумат ба ҷавонон ҳамчун қувваи асосии пешбарандаи ҷамъият боварӣ ҳосил намуда, такягоҳи асосӣ шуд.

Воқеан, муносибатҳои сиёсиву иҷтимоӣ дар ҳаёти ҷавонон пеш аз ҳама инъикоси равшан ва воқеии худро дар фаъолияти табақаи ҷавонони кишвар пайдо мекунад. Зеро ҷавонон дар ҳама гуна муносибатҳои сиёсӣ зиёдтар аз қувваҳои дигари иҷтимоӣ таъсиргузор мебошад. Таҷрибаи солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон, истифодаи нерӯҳои мухталифи сиёсӣ ва гурeҳҳои алоҳида барои расидан ба ҳадафҳои сиёсии худ, ҳатто ҳизбҳои навтаъсиси сиёсӣ нақши ҷавононро дар амалӣ шудани ҳадафҳои сиёсӣ мушаххас менамояд. Дигаргуниҳои ҷомеа ба маънои томаш дар навбати аввал ба ҷавонон таъсир мерасонанд. Ин вобаста ба он аст, ки  ҷавонон ҳассостарин табақаи аҳолӣ ба шумор мераванд ва аз зеҳну мавқеи дар ҷомеа доштаи онҳо қувваҳои сиёсӣ барои расидан ба мақсадҳои худ истифода карданӣ мешаванд.

Моҳияти ин самти сиёсатро ҳанӯз чанд сол қабл Президенти мамлакат, Эмомалӣ Раҳмон чунин тавзеҳ дода буд: «Мо ба масъалаи ҷавонон барои он таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамоем, ки онҳо ояндаи миллату давлатанд… Бинобар ин, Шумо бояд дар маҷмӯъ сиёсати давлатро доир ба тамоми соҳаҳо ҳамчун сиёсати давлатии ҷавонон қабул карда, дар татбиқи он такягоҳи асосӣ бошед. Ҳар як тадбире, ки дар мамлакат амалӣ карда мешавад, мақсад аз он пеш аз ҳама беҳбудии ҳаёти Шумо – ҷавонон ва ба хотири ояндаи неки Тоҷикистон аст».

Дар кори ҷалби ҷавонон ба фаъолияти судманд ба нафъи ҷомеа мушкилоти зиёде ба назар мерасанд, ки барои дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо тадқиқоти илмӣ зарур аст. Доир ба ин масъала дар Тоҷикистон баъзан корҳои тадқиқотӣ анҷом дода шудааст. Масалан, доктори илмҳои таърих В.Набиев, А.Турсунов, номзади илмҳои таъриху сиёсатшиносӣ И.Раҳимов, С.Ашўров, Р.Асадуллоев, Қ.Миралиев, Ғ.Икромов, А.Ҳусайнов ва дигарон бобати ҳалли мушкилоти соҳаи иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳуқуқии ҷавонон, корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ анҷом додаанд. Тадқиқоти анҷомшуда ва таҳлилҳо барои рўшан намудани мушкилоти ҷавонон ва дар маҷмўъ масъалаҳои ҳалталаби ҷомеа мусоидат хоҳанд кард. Ин тадқиқотҳо бо мурури замонаи пешрафта ва пайдо шудани мушкилоти дигари ҷавонон ба ҳеҷ ваҷҳ кофӣ нест.

Мўҳтаво ва мазмуну мундариҷаи рисолаҳоро метавон як навъ дастури омўзишии сиёсати давлатии ҷавонон, ҳолат ва пешомадҳо, аз навбарқароркунӣ, фаъолияти ташкилотҳои давлатию ҷамъиятии ҷавонон, саҳми онҳо дар раванди демократикунонии ҷомеа дар марҳилаи соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва ғайраҳо номид.

Аз ин рў, мо бештар дар рисолаи илмӣ ба мавзўъҳои заминаҳои ташаккули созмонҳо ва ҳаракатҳои ҷавонон дар марҳилаи гузариш ба низоми нави сиёсӣ, асосҳои сиёсӣ, идеологии созмонҳои ҷавонон дар оғози истиқлолият, ҳадафҳои барномавӣ ва ҷойгаҳи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар ҷомеа, сиёсати давлатии ҷавонон ва саҳми онҳо дар барқарорсозӣ, таҳкими низоми конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  иштироки ҷавонон дар бунёди пояҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар рў овардем.

Доираи баррасиҳо ва масъалагузорӣ дар ин самт ҳанӯз ниёзманд ба тадқиқ аст ва умед аз он дорем, ки муҳаққиқони ҷавони дигар низ барои боз ҳам бештару пештар ба ин мавзӯъ рӯй хоҳанд овард.

Таҳқиқу баррасии таърихи ташаккули ташкилоту созмонҳои марбут ба ҷавонон нишонгари он аст, ки фаъолияти ҷавонон дар ҳама давру замон ҳам аз назари пайванд ба мақомоти давлатӣ ва ҳам аз дидгоҳи иттиҳоди онҳо дар ҳайати ташкилоту созмонҳои ҷудогона қобили мулоҳиза мебошад. Ҳарчанд дар густариши фаъолияти ҷавонон дар ҳайати ин гуна ниҳодҳову ташкилотҳо дар даврони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвияти тамом дарёфт, аммо ба назар мерасад, ки аз нигоҳи таърихи мавҷудияти Ташкилоти Умумииттифоқии Ленинии Ҷавонон дар ташаккули ҳаракатҳои ҷавонон ва рушди фаъолияти онҳо дар даврони минбаъда бетаъсир намондааст. Албатта, дар ин ҳолат маҳдудаҳои фикрии сиёсӣ, ки барои дар тобеияти як ақидаи мутлақ қарор гирифтани ҷомеа равона шуда буд, ба ин ташкилотҳо низ бетаъсир намонд ва насли ҷавон ҳам асосан мубаллиғи ғояҳои ҳизби ҳукмрон гардида, аз оину суннатҳои ҷомеаи ҳуқуқӣ ва демократӣ фаъолият дошт. Вобаста ба ин шеваҳои ривоҷи фаъолияти ташкилотҳои ҷавонон ду давраи таърихии ташаккули онҳоро аз назари муносибат ба ду ҷомеаи мухталиф дар таърихи афкори сиёсии Тоҷикистон муқаррар намудан мумкин аст:

а) Ташаккули ҳаракатҳои ҷавонон ва рушди ташкилотҳои марбут ба онҳо дар замони Шӯравӣ

б) Ташкилотҳои марбут ба фаъолияти ҷавонон дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Новобаста ба он ки пайдоиш ва ташаккули ҳаракату ташкилотҳои ҷавонон дар даврони Шӯравӣ шакл пазируфтанд, аммо ривоҷи тамом ва таҳаввули онҳо бо маънии тамом ба даврони нав мутобиқат дорад, ки гуногунмазмунии фаъолияташон пурра таъмин гардидааст. Мусаллам аст, ки баробари ба марҳилаи Истиқлолияти сиёсӣ расидан ва фурӯпошии султаи ҳизби Коммунист «бародари ҷавони он» Ташкилоти Ленинии Иттифоқи ҷавонон низ аз байн рафт. Тоҷикистон оғози марҳилаи истиқлолияти сиёсии худро бо як  мушкилоти шадиди сиёсӣ паси сар намуд. Махсусан, даргириҳои сиёсӣ боиси аз сарҳади эътидол берун рафтани ҷавонон ва ба гурӯҳу азҳоби мухталиф ҳамроҳ шудани ҷавонон гардид. Натиҷаи дарки дурусту амиқи ин масъала аз ҷониби ҷавонони пешқадами кишвар буд, ки онҳо дубора барои эҳёи ташкилоти ҷавонон дар сурати нав эҳтимом варзиданд ва ҳамин тавр Созмони Ҷавонони Тоҷикистон таъсис ёфт.

  Нуфузи фаъолиятҳои сиёсиву фарҳангӣ ва нақши мустаҳками ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятӣ зина ба зина барои расидан ба мақоми таъсиси Кумитаи давлатии кор бо ҷавонон замина гузошт, ки ин ибтикори сарвари давлатро бештар  метавон ҳосили сулҳ ва ризояти миллӣ дар кишвар номзад намуд. Маҳз, пас аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи ҷадиди пешрафтҳо ва таҳаввулот дар муҳити сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат оғоз ёфт. Бо шинохти саҳми ҷавонони тоҷик дар ин марҳилаи сарнавиштсози таърихӣ буд, ки Президенти кишвар барои таъсиси Кумитаи махсуси давлатӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтимом варзиданд. Таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пайи худ иқдомоти зиёдеро барои дастгирии ҷавонони мамлакат ба бор овард, ки яке аз аввалини онҳо муқаррар шудани санаи махсус ба номи ҷавонони тоҷик – Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон аст, ки ҳамасола 23 май таҷлил мегардад.

Падидаи дигари хушоянд дар ҳаёти ҷавонон таъсиси Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ барои ҷавонон мебошад, ки ҳамасола дар риштаҳои мухталифи илм ба беҳтарин олимон ва пажӯҳишгарони ҷавон дода мешавад.

Қонуни ҶТ «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», ки меҳвари фаъолияти Кумитаи мазкур ва тамоми ҷавонон маҳсуб мешавад, ба ҳайси раҳнамои ҷавонон хидматҳое бузурге намуда, ба ҳукми як санади сарнавиштсоз дар ҳаёти ҳар як ҷавони кишвар саҳми арзанда мегузорад. Рангорангии фаъолияти ҷавонон, дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо аз ҷониби ниҳодҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба корҳои идоракунӣ, таъсиси Хазинаи махсуси Сарвари давлат барои таҳсили ҷавонон дар хориҷи кишвар аз зумраи падидаҳои ҷолиби даврони истиқлоланд, ки аз Иҷлосияи Шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон сарчашма гирифта, то имрӯзу фардоҳои дигар бо шоистагиҳои ҷолиб ривоҷ меёбанд.

Отаҷонова Фарангис Ғайбуллоҷоновна

Ассистенти кафедраи ҷомеашиносӣ

Донишкадаи иқтисод ва савдои

Донишгоҳи Давлатии Тиҷорати Тоҷикистон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *