Изҳороти устодони факултети молия ва қарзи ДИС ДДТТ оид ба сафари Пешвои миллат ба Япония

Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ мақолае бо номи “Сафари пурмасраф, аммо бенатиҷаи Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷопон” ба нашр расид, ки дар он муаллиф бо иғвову буҳтон ва далелу асноди носаҳеҳ исбот карданӣ мешавад, ки ин сафари Пешвои миллат аслан бебарор буд ва ба ҷуз хароҷоти буҷа ҳеҷ самаре ба бор наовард. Мо аминем, ки ҳар сафари Президенти кишвар ба хориҷи кишвар аз манфиат холӣ нест. Дар баробари муаррифии Тоҷикистон як қатор шартномаҳои муҳим ба имзо мерасанд, ки албатта пеш аз ҳама ба манфиати давлату миллати мо мебошанд. Аммо, мутассифона, дар шабакаҳои иҷтимоӣ бархе аз мухолифони ноогоҳ сафари расмии Сарвари кишварро таҳлил намуда, онро зиёновар тавзеҳ додаанд, ки ба ин андешаи пурғарази онҳо мо комилан мухолифем.

Пас аз мутолаи андешаи як тан «ватандўст» бо номи «Сафари пурмасраф аммо бенатиҷаи Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷопон» ба пуррагӣ итминони комил пайдо намудем, ки ин «меҳанпарастон»-ро ба ҷуз ҳар як қадами Сарвари давлату ҳукуматдоронро бо нўги қалам чен кардан, дигар коре нест. Чаро не?  Охир бо ин авроқсиёҳкунӣ эшон аз хоҷагони хориҷии худ нон меситонанд. Ба гуфте, худро онҳо «қурбон»-и сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат хондаанду гуреза гардидаанд ва аз давлати хориҷ, ки тавассути маблағҳои муфти хоҷагони худ бо карру фар зиндагӣ доранду ба ҷуз бофтаҳои бардурўғу беасосро навишта, ба шабакаҳои иҷтимоӣ партофта, мафкураи хонандагони ин шабакаҳоро вайрон намудан дигар коре надоранд. Бо ин гуна навиштаҳояшон худро «ватандўст» нишон дода, ҳар як маблағи буҷаи давлат ва ҳар як ваҷаб хоки кишварро шумор доранд. Ҳол он, ки таърих гувоҳ аст, ки ин беватанон аз талаву тороҷ намудани буҷаву ин хоки муқаддаси Ватан не истиҳола карданду  не шарм.

Муҳаммадиқболи Садриддин иброз доштааст, ки «Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон сафари расмӣ ба Ҷопон дошту ин дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон пайгирӣ ва таблиғи зиёде дошт. Аммо он чӣ натиҷа дод ва ҳадаф аз ин сафар чӣ буд? Ҷопон аз кишварҳои кўмакрасон ба Тоҷикистон мебошад, аммо додугирифти тиҷории ду кишвар бисёр ночиз аст». Натиҷаи ин сафар ва ҳам ҳадафҳои он ба таври пурра дар сомонаҳои расмӣ инъикос гардидаанд, метавонед мутолиа намоед, агар не иқтибос овардан мушкилие надорад: «…дар давоми муносибатҳои якҷоя зиёда аз 426 лоиҳаи иҷтимоӣ аз тарафи Ҳукумати Япония бо маблағи беш аз 350 миллион доллари америкоӣ татбиқ гардид ва ҳамаи ин барномаҳо бо ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавъам мебошанд.

Тавре ҳамаи сокинони кишвар иттилоъ доранд, бо даъвати Ҳукумати Япония дар санаи 3-5 октябри соли 2018 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Япония баргузор гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Япония Синдзо Абэ аҳаммияти “Изҳороти муштарак доир ба шарикии нав миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония”, ки зимни сафари расмии Сарвазири Япония ба Тоҷикистон дар октябри соли 2015 қабул гардида буд, таъкид карда, рушди тадриҷии муносибатҳои дуҷонибаро дар натиҷаи ин сафар ва ҳолати кунунии равобитро баланд арзёбӣ намуданд.

Зимни нишасти матбуотӣ Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, ки кишвари ба мо дӯсти Япония дар силсилаи авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой ва мақоми муҳим дорад. Сафари имрӯзаи мо идомаи мантиқии муколамаи сиёсии ҷонибҳо дар сатҳҳои олиӣ ва баланд мебошад, ки тайи солҳои охир хислати мунтазам пайдо кардааст.Ҳадафи асосии он арзёбии вазъи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Япония ва таҳияи василаву тариқаҳои рушди онҳо дар оянда мебошад.Мехостам изҳор намоям, ки натиҷаҳои дар Эъломияи муштараки ҷонибҳо инъикос ёфтаи музокироти имрӯза бо интизориҳои мо аз сафари кунунӣ мутобиқанд. Мо як силсила санадҳои дуҷонибаро ба имзо расонидем ва итминон дорем, ки дар ояндаи наздик онҳо шакли иқдомоти амалиро хоҳанд гирифт.

Далелҳои дар мақолаи мазкур оварда шуда ба манфиати миллату давлат набуда, касро ба андеша водор месозанд, ки чаро ин ҳама дастовардҳоро мухолифин нодида мегиранд ва бештар дар фикри танқиду бадгӯиҳо нисбати давлати тоҷикон мешаванд. Албатта, ҳар сафар хароҷоти худро дорад ва сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба ин ё он кишвар истисно нест. Аммо фикр мекунем, ки ҳар сафари Пешвои миллат ба кишвар садҳо миллион доллар фоида меорад ва обрӯву нуфузи давлати моро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардорад. Мухолифин набояд ба имидж ва обрӯи кишвар бо ҳар гуна навиштаҳои буҳтономез латма ворид созанд, ба ин суханони танқидию ғайримунсифонаи онҳо дигар мардуми тоҷик бовар намекунанд. Мо бо Пешвои миллат бовар дорем ва ҳар сафари расмии Сарвари кишвари тоҷикон самараву пайомадҳои нек ба бор хоҳад овард.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *