ИЗҲОРОТИ ҶАВОНОНИ ДИС ДДТТ ПЕРОМУНИ ҲАМЛАИ БАДХОҲОН ВА ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ БА ДИДБОНГОҲИ МАРЗӢ

Мо, ҷавонони баору номуси ватан, фаъолияти ҳамагуна Ҳизбу ҳаракатҳои гайриқонунию экстремистиву террористиро шадидан маҳкум намуда, ба тамоми ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар дохил ва хоричи кишвар зиндагй ва кору фаъолият менамоянд, муроҷиат менамоем:

Дар бораи тундравй ва ифротгароӣ дар матбуоти даврӣ кайҳост, ки баҳсу мунозираҳо оғоз шуда буданд, аммо, ин мафҳум ба мардуми тоҷик ошно набуд. Вақте ки мо дар бораи ифротгароӣ сухан меронем, ҳамоно калимаи тундравӣ дар назар дошта мешавад. Ин мафҳум аз рӯи моҳияти худ, маънои ҳодисахои хатарнокро дошта, баробари шунидани он дар вуҷуди онҳо ҳамоно эҳсоси хатар, эхтиёт ва инкор зоҳир мешавад.

Ҳарчанд мо ҷавонони даврони истиқлолиятем, аммо таҷрибаи зиндагӣ нишон дод, ки ҳамаи амалу рафторҳои ғайриқонунию даҳшатафкани ДИИШ ва дигар ҳаракатҳои террористӣ боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Ҳамлаи онҳоро, ба дидбонгоҳи марзии кишвар маҳкум намуда, аз ҳама шаҳрвандон даъват ба амал меоварем, ки ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.  Аслан, дини мубини Ислом чун ҳама динҳои дигар инсониятро ба таҳаммулпазирӣ, тараҳҳум ва тавозӯъ хидоят намуда, ҳар гуна зӯроварӣ ва кушторро маҳкум месозад. Бинобар ин терроризм ва ифротгароиро бо ислом пайванд додан хатои маҳз ба шумор меравад.

Фаъолияти ғаразноки ДИИШ  аз ҳодисаҳои куштор ва даҳшатнок ибтидо гирифта, бо даъвати худ онҳо ҷавононро гумроҳ намуда, бо ҳамин роҳ фирефтагони хешро ба давлати чангзада сафарбар менамуданд, ки дар натиҷа, даҳҳо ва садҳо кӯдаконро бепадару модар намуда, хазорон оиларо аз байн рабуд. Зеро онҳо ақидаҳои бегонапарастӣ, хадафи вайрон намудани сохти конститутсионӣ ва ба ном пойдор намудани “хилофат” ва “давлати исломй”-ро доштанд.

        Ба чои падидаҳои номатлуб ҳамдилӣ, вахдату ягонагиро новобаста аз дину мазҳаб ва миллату халкиятҳо дар миёни тамоми кишрҳои ҷомеа берун аз дину мазҳаб ва миллат, арзишҳои олии маънавӣ, чун ҳамдигарфаҳмӣ, вахдату ҳамдилӣ, фарҳанги олии инсониро тарғибу ташвиқ намуда,аз ин роҳ зиддиятҳои мафкуравиро аз миён мебардорем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *