Изҳороти кафедраи муносибатҳои байналмилалии ДИС ДДТТ дар робита ба ҳамлаи ДИИШ ба дидбонгоҳи марзӣ

Њодисаи шаби 6-уми ноябри соли љорї, ки соати 03:23 даќиќа гурўњи мусаллањи ниќобдор бо истифода аз силоњи оташфишон ба дидбонгоњи сарњадии №4-и «Ишќобод»-и ќисми њарбии отряди сарњадии «Султонобод» њуљум карданд мо љомеаи устодонро хеле нигарон намуд. Ин амали ващшиёнаро гуруҳи ДИИШ ташкил намуда, ҳадафаш куштору ғорат ва ноамн кардани кишвари мо мебошад.

Имрӯз инсоният ба хатарҳои нави глобалӣ, аз қабили терроризм ва экстремизм рӯ ба рӯ гардидааст.  Муаммои ифротгароӣ яке аз муаммоҳои муҳими ҷамъияти имрӯза гаштааст. Дар воситаҳои ахбори омма мунтазам дар бораи рух додани ин ё он ҳолати ифротгароӣ ва ё пешгирии чунин ҳодисаҳо дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон маълумотҳо пайдо мешавад. Аксар ҳолат дар ин маълумотҳо нишон дода мешавад, ки иштирокчиёни он аъзои ташкилоти “ДИИШ” мебошанд.

Ифротгароӣ ба ягонагии ҷамъият ва ва тамомияти арзии давлат таҳдид мекунад. Ифротгароӣ ҳамчун раванди махсуси сиёсӣ (аз климаи лот. extremus – ниҳоӣ, охирон) маънои тарафдории ақидаҳои радикалӣ ва усулҳои қатъии амалигардонии онҳоро ифода мекунад. Ба ифротгароӣ доимо чунин нишонаҳо ба монанди зӯроварӣ ва ё таҳдиди татбиқи он, таассуби динӣ ва ғайра хос аст.

Мутаассифона ин зуҳуроти номатлуб дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд.

Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бисту як табдил ёфтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳони мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, дар ин самт чораҳи мушаххас андешида истодааст.

Гурӯҳҳои бадхоҳ барои амалӣ сохтани нақшаҳои бадашон аз дини ислом сӯистифода менамоянд, то ба нияту ғаразҳои худ ноил шаванд.   Дар асл ҳар иғвоангез ва гурӯҳҳои иртиҷоӣ мехоҳанд дар кишвар нооромӣ ҷорӣ созанд, зеро бадхоҳ ва душман тараққӣ, сулҳу субот ва оромии ҷомеаро дар Ватане, ки дар он зидагиашро ба сар мебараду аз осмони софаш нафас мегирад, дидан намехоҳад. Ба ин гуна ашхосоне, ки нияти ғаразро доранд лаънат мехонем. Бояд хуб дарк кунем, ки терриризм ба маънии ба даҳшат овардани аҳолии осоишта, афроди ғайринизомӣ, кӯдакон, занон, пиронсолон, ибодаткунандагон новобаста аз он ки аз кадом тоифа мебошанд ва ягон вобастагие ба Ислом надорад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *