Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳарчи зудтар ба Ватан баргардонидани ҳамаи кудакон ва ноболиғон – шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳамроҳ бо волидон ва оилаҳои гумроҳшудаи худ ҷиҳати пайвастан ба сафи ДИИШ ва дигар нерӯҳои террористию экстремистӣ вориди сарзамини Ироқ шудаанд, мавриди пайгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Дар натиҷа муайян карда шуд, ки дар маҳбасҳо, зиндонҳо, боздоштгоҳҳо ва марказҳои нигаҳдории ноболиғон дар Ироқ 43 нафар зан ва 95 нафар тифл аз шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доранд ва дар миёни онҳо тифлони хурдсоле низ ҳастанд, ки дар ин кишвари арабӣ таваллуд шудаанд.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо ҳамаи ниҳодҳо рӯзи 30 апрели соли равон 84 нафар кӯдакон тавассути ҳавопаймои махсус аз Бағдод ба Душанбе баргардонида шуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии худ муқобили ҳамагуна амалҳои террористиву экстремистӣ буда, пайваста талош меварзад, ки сулҳ ва оромӣ дар ҷаҳони муосир пойдор бошад. Тоҷикистон, ки ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст, аз натиҷаҳои даҳшатбори амалҳои террористӣ хуб огоҳ аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон терроризм ва экстремизмро ҳамчун падидаи номатлуби замони муосир маҳкум менамояд ва онро хатари ҷиддӣ ба сулҳу оромӣ ва амнияти ҷаҳон мешуморад.
Ҳукумати Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош меварзад, ки шаҳрвандони гумроҳи Тоҷикистонро, ки берун аз қаламрави кишвар қарор доранд ба ватанашон баргардонад. Ин амал нишона аз он аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонашро муҳофизат мекунад. Аммо баъзе ашхосе низ ҳастанд, ки аз сулҳу субот ва оромиву осудагии Ватани худ норизо буда, фирефтаи гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ гардидаанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баргардонидани онҳое, ки берун аз қаламрави кишвар қарор дошта, аъзои гурӯҳҳои силоҳбадаст ва террористиву экстремистӣ буда, дар амалиёти ҷангии Ироқу Шом иштирок доранд, ҳатто қонуни авф қабул гардидааст, ки тибқи он шахсоне, ки бо ихтиёри худ ба ҷумҳурӣ бармегарданд аз ҷавобгарӣ озод карда мешаванд.
Дар роҳи ба Ватан баргардонидани гумроҳшудагон Ҳукумати мамлакат аз тамоми имкониятҳо истифода бурда истодааст, то ки шаҳрвандони Тоҷикистон қурбони амалҳои террористиву экстремистии хориҷӣ нагарданд. Зеро ҷанги Ироқу Шом найранги навбатии абарқудратҳо буда, барои ба даст овардани боигарӣ бо истифода аз дин ташкил гардидааст, ки барои мардуми мо ягон манфиат надорад.