Нимпайкараи Арслонбек Ғозибеков дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд» гузошта шуд

Дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд» боз як нимпайкара зиёд шуд. Тавре, ки иттилоъ дода будем, дар иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр вакилон пешниҳоди Комиссияи номгузорӣ ва ивази номи иншоотҳои таърихию ҷуғрофии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд оид ба гузоштани нимпайкараи Арслонбек Ғозибеков дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд» якдилона дастгирӣ намуда буданд ва имруз бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва хешону пайвандони марҳум Арслонбек Ғозибеков парда аз рӯйи нимпайкараи эшон бардошта шуд.

Дар маросими ифтитоҳии чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода баромад намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки қадршиносӣ намудани хизматҳои шоёни ходимони барҷастаи давлатию ҷамъиятӣ, Арбобони намоёни илму фарҳанг, зиёиёни пешқадам дар меҳвари асосии фаъолияти инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳадти миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Гузоштани нимпайкараи Арслонбек Ғозибеков дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд» гувоҳи ин гуфтаҳост.

 Дар ин чорабинӣ ректори ДДТТ доктори илмҳои иқтисод, профессор Фақиров Ҳ. ва директори ДИС ДДТТ, номзади илми иқтисод, дотсент Олимӣ Р. Л. низ иштирок намуданд. Онҳо бо шахсиятҳои маъруфи кишвари Русия  мулоқот намуда, аз хидматҳои ин шахсияти бузург ёдовар шуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *