Баргардонидани кӯдакони тоҷик аз минтақаҳои ҷангзада амали савоб ва миллатдӯстона аст

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргардонидани кӯдакони тоҷик аз минтақаҳои ҷангзадаи Шарқи Наздик дар назар аст. Ин иқдом маротибаи чандум аст, ки хуб ба роҳ монда шуда, то ба имрӯз чанд тан аз кӯдакони тоҷик аллакай ба Ватан баргаштаанд.

Ифротгароии динӣ ба рӯҳия ва ахлоқи шахсии инсон, ба муносибати ӯ ба муҳит ва ба робитаҳои ҷамъиятии шахс таъсири бисёр ҷиддӣ мегузорад. Ба хотири он ки падару модар, хоҳару бародар, хешу пайвандон, дӯстону ҳамкорон, устодон мисли ӯ ақида надоранд, онҳоро маҳкум карда ва ошкоро таҳдид мекунад. Барои ба дигарон таҳмил намудани фаҳмиши худ аз истифодаи зӯроварӣ ва хушунату бераҳмӣ худдорӣ намекунад. Бинобар ин ҳам дар бештари мавридҳо ифротгароён ҳамсарони худро бо роҳи хушунату таҳдид ба минтақаҳои ҷангзада бурда, онҳоро сарсону саргардон ва баъзеашонро аз ҳаёт маҳрум кардаанд.

Тасаввур кунед, ки ифротгароён зану фарзандонашонро ба кишварҳои ҷангзада бе ягон дурандешӣ мебаранд. Ҳодисаҳое буданд, ки ҳамсарони ҷанговарони ДИИШ дар ҳамон ҷо таваллуд мекунанд. Албатта ин кӯдакон дар ҳамон муҳиту шароти номусоид, яъне ҷангу ҷидол ва хунрезӣ ба воя мерасанд. Аз баъзе расму наворҳо ба мо маълум аст, ки ифротгароёне, ки фирефтаи дурӯғҳои мубаллиғони ДИИШ гаштаанд, дар он ҷо ба кӯдакони худ, ки нав роҳгардиро меомӯзаду як-ду қадам мегузорад, дар гардани онҳо автомат бор мекунанд, то ба муҳит мутобиқ шавад ва дар оянда чун ҷангҷӯй обутоб ёбад. Ба каме бузургтарҳояш тавассути навор ва дар шакли зинда паррондан ва куштани одамро нишон медиҳанд. Ҳолатҳое буданд, ки ба дасти кӯдакон корд медоданд, то сари асиронро аз тан ҷудо созад. Аз ин тарзи тарбияи ҷангҷӯён ҳама тавассути васоити ахбори омма, Интернет ва дигар воситаҳо хабар доранд.

Вақте кӯдак дар ин гуна муҳит тарбия ёфт, гарчанде ақл ҳам надошта бошад, вале ба он одат мекунад. Барои ин кӯдак куштани инсон, тирпарронӣ, оташ задани хона ва ғайраҳо як амри маъмулӣ мегардад. Таъсири чунин мағзшӯиҳо буд, ки ҳодисаҳои нангини бо дасти фарзанд куштани модар ба вуқӯъ пайваст.

Кӯдак аз замони таваллуд бо аввалин муҳити иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шуда, ҳанӯз тасаввури мушаххасе аз некию бадӣ надорад ва вақте бо чунин хушунатҳо рӯ ба рӯ мешавад, дар ӯ низ хислатҳои баду иртиҷоӣ пайдо мегардад.
Хушбахтона, солҳои охир теъдоди ҷавононе, ки фирефтаи мубаллиғони ДИИШ мешаванд, хеле коста шудааст. Ин натиҷаи кори хуби назарраси дастгоҳҳои таблиғотии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз радиову телевизион ва матбуот сар карда, то дигар тадбирҳои таъсиррасон. Яъне тамоми ҷомеаи Тоҷикистон кӯшишҳои зиёде ба харҷ доданд, то ба натиҷаи дилхоҳ бирасанд.

Аммо баргардонидани кӯдакон мавзӯи дигар асту баргардонидани волидони онҳо, мавзӯи дигар. Калонсолон аз рӯи хости худашон, пайрави ДИИШ шуду ба он ҷо рафтаанд. Аммо кӯдаке, ки ақл надошт, ҳамроҳи падару модараш рафт ё дар ҳамон ҷо ба дунё омад. Дар ҳамон муҳит тарбия ёфт, дар мафкураи он кӯдаки бечора ба ғайр аз ҷангу куштору одамбадбинӣ ва гуруснагию дигар маҳрумиятҳо дигар чизе нест.
Муҳити имрӯзаи Тоҷикистон муҳити осоиштагӣ, серию пурӣ ва ваҳдати миллӣ аст. Дар он ҷо муҳит тамоман дигар аст – ҷанг, хунрезӣ, одам ба одам чун гург менигарад, умуман мафҳуми дӯстию рафоқат нест.

Воқеан, баргардонидани кӯдаконе, ки бо амри тақдир вориди марзи Ироқ гардидаанд, амали солеҳ ва миллатдӯстона мебошад. Аммо барои ба рӯҳияи ватандӯстию миллатсолорӣ баргардонидани ақоиди ин насли қурбонӣ кори саҳлу сода нахоҳад буд.

Абдурашид Ҳоҷизода,

ассисенти кафедраи менеҷменти ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *