Изҳороти аҳли ҷомеаи меҳнатии ДИС ДДТТ оид ба баланд бардоштани омодабошии ҷангии  шаҳрвандон баҳри ҳифзи марзу буми кишвар

Мо, аҳли ҷомеаи меҳнатии Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд” бо баробари мардумони шарафманди кишвар, ҷиҳати амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон субҳи 22 июли соли равон, соати 0400 дар чорабинӣ таҳти унвони “Марз-2021” иштирок доштем. Бояд қайд кард, ки мақсади баргузории чорабинии мазкур, танҳо ба хотири омодабошӣ баҳри ҳифз ва ҳимояи Ватани худ нигаронида шуда, омӯзгорону кормандони донишкада чун афсарону сарбозони ҳайати шахсии захираҳои сафарбарӣ дар қатори афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баҳри ҳимояи оромии сулҳу субот ва амнияти давлати азизамон Тоҷикистон омода буданашонро собит намуданд. Воқеан баргузории чунин чорабиниҳо боиси баланд гардидани ҳисси ватандӯстии ҳайати устодону кормандон гардида, дар баробари ин ҷиҳати баланд бардоштани омодабошии ҷангии онҳо мусоидат намуд. Бо баробари ин бояд қайд кард, ки бо ҳисси баланди ифтихори миллӣ сарҷамъии сокинони кишвар гувоҳи он аст, ки мо мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамеша омодаем то Ватани азизи худро ҳимоя намеом ва дар ин роҳ ҳатто ҷони худро нисор ҳоҳем кард.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *