11 нафар сазовори дипломи аъло гардиданд

Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ маросими супоридани дипломҳои хатм баргузор гардид. Чорабинии идонаро директори донишкада, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан ифтитоҳ намуда, таъкид намуд, ки ДИС ДДТТ тибқи иҷозатнома оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ дар зинаҳои бакалавриат, магистратура ва докторантура PhD мутахассисонро тайёр менамояд. Донишкада фаъолияти худро ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишу роҳнамоии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот, раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон роҳандозӣ намуда, ҳадафи асосии он пеш аз ҳама ба тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси варзидаи рақобатпазир дар бозори ҷаҳонии меҳнат ва дар сатҳи баланд омўзонидани донишҳои касбӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ равона гардидааст.

IMG_6680
IMG_6683
IMG_6710
IMG_6726
IMG_6724
IMG_6675
IMG_6702
IMG_6768
IMG_6805
IMG_6959
IMG_6918
IMG_6920
IMG_6971
previous arrow
next arrow

Дар ҳузури хатмкунандагон меҳмонон: Мамадҷонов Абдувосид Абдуқаюмович-муовини сардори гумруки ноҳияи Ҷаббор Расулов, Комилзода Наимҷон-сардори шуъбаи кадрҳои Раёсати андози вилояти Суғд, Исмоилов Насим Шўҳратович-роҳбари филиали ҶСК “Алиф Бонк” дар шаҳри Хуҷанд, Ғаниева Сарвиноз Юнусҷоновна-мутахассис оид ба рушд дар ҶСП Бонки “Арванд”, Раҳимова Ганҷина Бахтиёровна-муовини омири кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ба сухан баромада, арзи сипоси худро барои омода намудани мутахассисони варзида ба роҳбарияти донишкада баён доштанд. Сипас барои ҳамкории судманд ба меҳмонон сипосномаҳои раёсати донишкада супорида шуд. Дар вазъияти тантанавӣ директори донишкада бо ҳамроҳии меҳмонон ба 80 нафар хатмкунандагон диплом, аз ҷумла 11 дипломи аълоро тақдим намуданд. Хатмкунандагон зимни суханронӣ арзи сипоси худро ба аҳли ҷомеаи меҳнатии донишкада иброз дошта, ваъда доданд, ки ҳамчун мутахассисони соҳибкасб дар рушди иқтисоди кишвар ва ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Мавриди зикр аст, ки соли таҳсили 2020-2021 донишкадаро 828 нафар хатм намудаанд, ки аз ин теъдод 61 нафар магистрантон, аз он ҷумла 5 нафар бо дипломи аълои магистр, 56 нафар бо дипломи муқаррарии магистр, таҳсилоти бакалавр 749 нафар, аз он ҷумла 6 нафар бо дипломи аълои бакалавр, 743 нафар бо дипломи муқаррарии бакалавр ва таҳсилоти анъанавӣ 18 нафар дипломи мутахассис ташкил медиҳад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *