ҲАМЕША БАҲРИ ДИФОИ ВАТАН ОМОДА ҲАСТЕМ!

Мусаллам аст, ки амнияту оромии ҳар халқу давлат аз сатҳи ҳифозати марзу бумаш вобаста мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ин амр пайваста тадбирҳои муайяну мушаххас меандешад. Чунончӣ, тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 22 июли соли равон дар тамоми қаламрави мамлакат чорабинӣ таҳти унвони “Марз-2021” дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронида шуда, рафти он ба воситаи пахши мустақим дар шабакаҳои иҷтимоӣ намоиш дода шуд.

Мо шоҳиди он гардидем, ки дар чорабинии мазкур зиёда аз 100 ҳазор нафар афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва 130 ҳазор нафар афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ дар тамоми қаламрави кишвар бо бонги “Хатар” ҷамъ оварда шуда, омодабошии ҷангии онҳо ҳаматарафа санҷида шуд. Ҳамзамон баъди ба анҷом расонидани машқҳои низомӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, аз ҷумла ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ суханронӣ намуда, ҳозиринро ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ табрику таҳният гуфта, зимни суханронии хеш, аз ҷумла қайд намуданд “… иброз медорем, ки мо Қувваҳои Мусаллаҳи худро ҳаргиз бар зидди кишварҳои ҳамсоя истифода намебарем. Баръакс, мо ҳамеша ҷонибдории он ҳастем, ки дар кишварҳои ҳамҷаворамон сулҳу субот ҳукмфармо бошад ва мо бо онҳо дар фазои оромиву субот ва дӯстиву ҳамкорӣ зиндагӣ кунем”. Инчунин дар рафти баромадашон Пешвои муаззами миллат доир ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, ҳамеша омодабошии онҳо дар самти ҳимояи Ватан, ба қадри Истиқлолу озодӣ расидан ва муборизаи беамон бурдан бо гурӯҳҳои террористӣ ибрози андеша намуданд. Аз ҷумла қайд намуданд: “Хотирнишон месозам, ки барои баланд бардоштани сатҳи касбият ва омодабошии ҷангии ҷузъу томҳо боз ҳам кор кардан зарур аст. Дар вазъияти баамаломада вазифаи муҳимтарини шумо – хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ин аст, ки ҳамеша ҳушёру зирак ва ба Ватан, давлат ва миллат содиқ бошед, интизоми оҳанин, рӯҳи матин, иродаи қавӣ ва азми қатъӣ дошта бошед”.

Метавон қайд кард, ки аз шунидани ин суханҳои пуразиши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як шахс боз руҳу қувваи нав гирифта, соҳибватан будани худро аз сидқи дил эҳсос менамояд. Воқеан баргузории чунин чорабиниҳо боиси баланд гардидани ҳисси ватандӯстии сокинон шуда, дар баробари ин ҷиҳати баланд бардоштани омодабошии ҷангии онҳо мусоидат менамояд. Бо баробари ин бояд қайд кард, ки ин чорабинӣ бахусус масъулияти ҷавононро дар омодагии барои ҳимояи Ватани хеш даҳчанд боло бардошт. Онҳо дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзида, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ медоранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон хоҳанд гашт. Хулоса, мо ҳамеша баҳри дифои Ватан омода ҳастем!

АХМЕДОВ М., сармуаллими кафедраи математекаи олӣ ва технологияҳои инноватсионии ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *