Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15-уми сентябри соли 2018 дар мулоқот бо фаъолони Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон ҷиҳати таъмини волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, дастгир намудани ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордошта, мусодираи силоҳу аслиҳа, лавозимотҳои ҷангии ғайриқонунӣ, ошкор ва пешгирӣ кардани ҷиноятҳои марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир як қатор супоришҳои қатъӣ дода буданд.
Бо ин мақсад дар вилоят Ситоди байниидоравии мақомотҳои таъмини амният таъсис дода шуд ва ҳоло фаъолият дорад.
Мо ҳама хуб медонем, ки ин ситод баъди интиқоди шадиди Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ дар бораи вазъи ҷинояту ҷинояткорӣ, истифодаи ғайриқонунии силоҳи оташфишон, қочоқ, интиқол ва истифодаи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои хусусияти экстремистиву мазҳабидошта ва бо дастури ҳидоятҳои Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил гардида буд.
Дирӯз тариқи телевизиони давлатӣ ҷаласаи якмоҳаи ин ситоди байниидоравӣ намоиш дода шуд ва дар он сардори кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саидмуъмин Ятимов суханронӣ карда, дар бораи вазъи сиёсӣ ва иҷтимоии минтақа ва ҳамчунин фаъолияти ситоди мазкур маълумоти муфассал дод. Ҳангоми суханронияш раиси кумитаи амнияти миллӣ изҳор дошт, ки дар давоми якчанд соли охир амалҳои ҷинояткорона дар Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон афзуда истода, мутаассифона аксари ин ҷиноятҳо аз тарафи ҷавонон содир карда мешаванд. Ӯ изҳори таассуф намуд, ки дар вилоят якчанд гурӯҳҳои ғайриқонунии ҷиноӣ амал намуда, саркардагони ин гурӯҳҳо дар минтақаҳои алоҳидаи шаҳрҳои Хоруғ ва ноҳияҳои Шуғнону Рӯшон ва Роштқалъа нуфузу этибори “хоса” доранд. Ва, маҳз, ана ҳамин нуфузи ин саркардагон боиси ҷудоӣ ва ҳамдигарнофаҳмӣ байни ҷавонони гумроҳи минтақаҳои мазкур мегардад. Ӯ афзуд, ки ин саркардагон ҷавононро мунтазам дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ба монанди, тарабхонаҳо ва чойхонаҳо, гирд оварда, онҳоро бо ҳар роҳ гумроҳ менамоянд. Онҳо ин ҷамъомадҳоро ҳамчун “Сходкаҳо” унвон низ кардаанд. Дар гузориши ин ситод дар бораи вазъи қочоқи маводи мухаддир ва истифодаи он аз тарафи аҳолӣ низ ёдоварӣ мегардад. Гуфта шуд, ки 10 килограмм маводи мухаддир чил ҳазор шахсро метавонад мубталои бемории нашъамандӣ гардонад ва чандин ҳазор оиларо барҳам диҳад. Ҳол он ки дар қаламрави вилоят аз тарафи ҷинояткорон садҳо килои ин омили вабои аср интиқол, хариду фурӯш ва қочоқ карда мешавад.
Аз гуфтаҳои Саидмӯъмин Ятимов бармеояд, ки истифодаи ғайриқонунии силоҳи оташфишон, аз тарафи гурӯҳҳои ҷиноӣ ва шахсони алоҳида ба ҷои кам шудан, баръакс зиёд шуда, дар давоми як моҳи фаъолияти ситоди байниидоравӣ аз аҳолӣ қариб дусад адад яроқи оташфишон дарёфт ва мусодира гардидааст. Ҳангоми тамошои ин гузориш, ҷинояти куштори бераҳмонаи 20 нафар ва маҷрӯҳ намудани зиёда аз панҷоҳ нафар дар яке аз макотиби олии шаҳри Керчи Федератсияи Россия, аз тарафи як ҷавони донишҷӯ пеши назарам омад. Дар сурате, ки ҳоло ҳам дар дасти гурӯҳҳои ҷинояткор ва ашхоси алоҳида силоҳҳои гуногун нигоҳдорӣ мешаванд, эҳтимолияти сар задани чунин амали мудҳиш дар мамлакати мо низ дур нест. Мардуми мо ҳоло ҳам хотираҳои талхи даврони ҷанги шаҳрвандиро аз хотир набаровардааст. Он замон низ яроқ дар дасти гурӯҳҳои ҷинояткор буд ва онҳо чи коре, ки мехостанд анҷом медоданд.
Аз ин рӯ, ба хулосае омадан зарур аст, ки оқибати ҷинояту ҷинояткорӣ ва истифодаи ғайриқонунии силоҳ ва интиқолу истеъмоли маводи мухаддир паёмадҳои маргбор дорад.
Мо аҳли ҷомеаи ДИС ДДТТ тарафдори сулҳу субот ва пойдории кишвари азизамон буда, аз сиёсати пешгирифтаи хирадмандонаи Сарвари мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат пайравӣ намуда, аз ҷавонони баору номуси бадахшонӣ даъват ба амал меорем, ки фирефтаи аъмоли гумроҳонаи гурӯҳҳои ҷиноӣ нашуда, баҳри ободӣ ва сарсабзии Тоҷикистони соҳибистиқлол камари ҳиммат баста, сарбаландона заҳмат кашанд.