Мардуми Бадахшон фирефтаи андешаҳои бадхоҳон нагардед!

Имрӯз душманону хоинони миллат аз хориҷи кишвар истода тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар гуна андешаҳоро паҳн намуда, тадбирҳои созандаи Ҳукуматӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди ҷамъовари силоҳ, интиқоли маводи мухаддир ва дигар иқдомотро як навъ амалиёти давлат нисбати  мардуми Бадахшон маънидод мекунанд.

Тавре аз маълумотҳои таҳлили сомонаҳои интернетӣ бар меояд мағалгароӣ авҷ гирифта, дар минтақаҳои кӯҳистони Бадахшон дар замони фаъолияти бо ном генералҳои саҳроӣ ба нуқтаи баланди худ расидааст.

Яке аъзои ин гурӯҳи ҷиноятпеша Алим Шерзамонов, ки ҳоло дар Аврупо ба сар бурда, ғуломвор ба хоҷагони хеш хидмат мекунад, дар асл бо сабаби аз бонкҳои давлатӣ қарздор будан, фирор кардааст ва шарм надошта, барои пӯшонидани ҷиноятҳо ва хиёнатҳои хеш даст ба бадном кардани давлату ҳукумат мезанад.

Ҳатто тадбирҳои созанда ва талошҳои мақомоти давлатӣ барои таъмини  оромиш ва ҳаёти осоишта  дар Бадахшонро муқобилят ба мардум унвон мекунад. Инсоф куҷост, куҷост ҳисси ватандӯстӣ? Вақте солҳо ҳамроҳони нашъаҷаллоб ва ҷинояткоратон бар сари мардуми Бадахшон  чӣ қадар  бадбахтиҳо овардаву имрӯз аз кишвар фирор кардед?! Чаро бешармона мардумро ба муқобили давлат бармехезонед.

Ҷоиз ба қайд аст, айни замон тамоми заминаҳои рушди ҷинояту ҷинояткорӣ, ки имрӯз тамоми минтақаҳои Вилояти Кӯҳистони Бадахшонро фаро гирифтааст, дар як солу ду сол падид наомада, балки ҳодисаҳое мебошад, ки бо дасисаву иғвои нафарони алоҳида тӯли чандин солҳо инкишоф ёфтаву ба як масъалаи  доғи рӯз табдил ёфтааст.

Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, давлати Тоҷикистон дунявию демократист. Аз ин хотир, на дин ва на ягон шакли дигар мазҳаб наметавонад дар ҷамъияти мо ҳокимятро истифода барад. Мо шаҳрвандони Тоҷикистонро зарур аст, ки ба қадри сулҳу субот, ваҳдату ягонагии ҳамаи қишрҳои ҷомеа бирасем ва нагузорем, ки мардуми сарбаланди Бадахшон фирефтаи афкори бадхоҳони миллат гарданд.

Дилафрӯз Ҳомидова

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *