ТТЭ ҲНИ ВА БОЗИҲОИ ПАСИПАРДАГИИ ОН

Мо медонем, ки ТТЭ ҲНИ мувофиқи тартибу дастури сармоягузоронаш тамоми қувваҳои миллию сиёсии вақтро, ки аз озодию истиқлолияти сиёсию миллӣ ҳарф мезаданд, зӯран таҳти парчами худ гирифт. Майдони «Шаҳидон» бо «ташаббус» – и бевоситаи наҳзатиён ташкил шуда, минбар дар ихтиёри элитаи наҳзатӣ буд. Наворҳои Майдони «Шаҳидон» ва минбардориҳои тими наҳзатӣ дар он замон бар он гувоҳӣ медиҳанд, ки муҷриёни пасипардагии бетартибиҳои оммавӣ дар шаҳри Душанбе тамоми бурди худро рӯйи ТТЭ ҲНИ гузошта, ба дасти ин ташкилоти террористӣ инқилоби исломиро ба минтақа ба истилоҳ, экспорт кардан мехостанд. Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ ба ном миллӣ буд ва асосан, таҳти контроли бевоситаи элитаи наҳзатӣ қарор гирифта, чанд моҳ дошт дода, оқибат фалаҷ гардид ва аз андарунаш ҷанги шаҳрвандӣ буруз кард.

Баъди он ки Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати навро рӯйи кор овард, ТТЭ ҲНИ ба хориҷ паноҳ бурд ва дар берун ҳам таҳти ҳимояти бевоситаи сармоягузоронаш қарор гирифт. Дар ғурбат ҳам ТТЭ ҲНИ барои он ки ҳусни таваҷҷуҳи созмонҳои байналмилалӣ ва хайриявиро ҷалб кунад, гурезаҳоро, ки як қисм мавқеиятҳои гуногун доштанд ва ба наҳзат ва назароти наҳзатӣ мухолифат меварзиданд, иҷборан тарафи худ кашид ва Иттиҳоди неруҳои оппозитсиюни Тоҷикистон (ИНОТ) – ро таъсис дод. Дуруст аст, ки як гурӯҳи муҳоҷирони иҷборӣ ба ин ташкила (ИНОТ) шомил нашуданд ва дар хориҷ аз кишвар мустақилона кору фаъолият намуданд ва аз ТТЭ ҲНИ канор гирифтанд (чун аз таҷриба медонистанд, ки наҳзат чӣ мехоҳад ва кишварро ба чӣ мусибате оварда расонд). Вале элитаи наҳзатӣ дигар гурӯҳҳоро муттаҳид карда, ИНОТ – ро созмон дод ва дар раъси он қарор гирифт.

Имрӯз ТТЭ ҲНИ дар хориҷ таҳти пӯшиши сиёсию молиявии қувваҳои беруна, баъзе созмонҳои байналмилалӣ ва доираҳои ғарбӣ ба роҳандозӣ намудани барномаи сиёсӣ (албатта, тибқи фармуда ва диктаи сармоягузорони пружаи наҳзатӣ) машғул мебошад. Барои ба вуҷуд овардани сӯйитафоҳумот ва муҳимтар аз ин, воҳимаю ҳангома ТТЭ ҲНИ аз усулҳои муосири иттилоотӣ, сиёсӣ, мафкуравӣ ва маданӣ кор мегирад ва фурсату пайти муносиб меҷӯяд. Дар ин росто, созмонҳои ифротию фурсатталаби «Гурӯҳи 24», «Анҷумани озодандешони тоҷик» ва амсоли инҳоро ба худ ҷазб месозад ва ба ин васила доираи салоҳиятҳои сиёсию маданиашро афзудан мехоҳад. Ҳадафи ТТЭ ҲНИ, пеш аз ҳама, бо истифода аз фурсати муносиб аз нав таъсис додани ИНОТ мебошад ва бо ин роҳ мехоҳад тамоми созмону неруҳои муҳоҷирро таҳти султаи худ ҷамъ ва даъвои бузургманишиашро манзури элитаи сиёсию иқтисодии аврупоӣ намояд. Дар пушти ин воҳимаю ҳангомаҳо боз сармоягузорони хориҷӣ меистанд ва ҳимояти ТТЭ ҲНИ-ро, ки аз қабл пружаи номуваффақи онҳо будааст, дар хориҷ ҳамчунон идома медиҳанд.

Абдурашид Ҷабборов
мудири китобхонаи электронӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *