Изҳороти аҳли ҷомеаи ДИС ДДТТ оид ба сафари Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷамоати деҳоти Ворухи ноҳияи Исфара дар бобати ҳалли муноқишаҳои марзӣ

Мо аҳли ҷомеаи меҳнатии ДИС ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд вобаста ба сафари кории Сарвари давлат фикру андешаҳои худро иброз дошта, қайд мекунем, ки воқеан бо дарки масъулияти баланди ватандорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷамоати деҳоти Ворухи ноҳияи Исфара сафар намуда, аз ҳоли мардуми хабардор шуданд ва сўҳбати доманадоре барпо намуданд, ки ин амал яке аз таҷрибаи доимии Сарвари давлати тоҷикон аст. Мунтазам ин иқдоми шоиста идома дода мешавад, ки як ҷузъи сиёсати мардумпарваронаи Пешвои маҳбуби миллат ба ҳисоб меравад. Сарвари кишвар зимни сафарашон қайд карданд, ки асли ҳамаи пешравию тараққиёт ва кафили зиндагии шоистаи мардум аз таъмини суботи сиёсӣ ва ваҳдату оромӣ вобастагии амиқ дорад. Ин ҳақиқати куллро ҳар як шаҳрванди комилу огоҳ ва бедордили мамлакат аз ҳама беҳтару хубтар мефаҳмад ва бо тамоми вуҷуди худ эҳсос мекунад. Ҳамчунин Президенти Қирғизистон низ ба минтақаи марзӣ ташриф овард ва баъди мулоқоти роҳбарони ҳар ду кишвар онҳо аз мардум даъват ба амал оварданд, ки ботаҳаммул бошанд, даст ба амалҳои ҷинояткорона назанад, ҳамчун ҳамсояи хуб бо ҳам рафтуомад кунанд.
Бо боварии комил метавон қайд кард, ки мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти олимақоми Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳалли мунокишаҳои марзӣ нуқта мегузорад ва ҳар ду миллат дӯстонаву бародарона зиндагӣ менамоянд. Самараи ин сафари кории Пешвои муаззами миллат имрўзҳо эҳсос карда мешавад.Воқеан мардуми шарафманди ҷамоати деҳоти Ворух ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазъиятро ба таҳлил гирифта, ба ҳар гуна овозаву иғвогариҳоро маҳкум карда, ҷиҳати риояи тартиботи ҷамъиятӣ дар қаламрави ҷамоат якдилона ташаббус зоҳир намуда истодаанд.
Вале тариқи расонаҳои иттилоотӣ нохалафони миллат, гурўҳҳои ифротӣ ва неруҳои ғаразнок, зери нуфузи таъсиргузории хориҷӣ қарор гирифта, бо истифода аз вазъияти ба амаломада мехоҳанд боз ба майдони сиёсӣ ворид шуда, кинаву адоват кошта, фазои ороми ватани маҳбуби моро ноором созанд. Онҳо ҳадафҳои муғризонаи худро бо шиорҳои динию мазҳабӣ рўпўш намуда, тарафдоронашонро зери парчами мубориза барои адолати иҷтимоӣ ҷалб мекунанд. Вале дар асл мақсади онҳо дигар намудани сохти дунявии давлатдории кишварҳои минтақа буда, барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ аз ҳама гуна роҳу восита истифода мебаранд. Аз ин лиҳоз, метавон гуфт, ки бар асари истифодаи қувва ва зўрӣ дар равобити байналмилалӣ, дар ҳифзи манфиатҳои хеш рў ба рў омадани қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, зери фишори неруву унсурҳои бегона амалан аз байн рафтани низоми давлатдории як силсила кишварҳо ва вусъати торафт афзояндаи терроризму экстремизм вазъи ҳуқуқи байналмилалӣ хеле заиф шуда, истиқлолияти давлатҳои миллии онҳо осебпазир гардидааст. Намуна ва пайомадҳои чунин вазъро мо дар мисоли Сурия ва Ироқро мебинем. Нисбатан мўътадил гардидани авзои сиёсӣ дар кишварҳои Сурия ва Ироқ, хатари дар Афғонистон маскан гирифтани қувваҳои иртиҷоии террористӣ ва ноором намудани минтақа ба назар мерасанд. Имрўзҳо дар шароити ҷаҳонишавӣ ва муносибатҳои гуногунмазмуни байналмилалӣ, алалхусус минтақаи Осиёи Марказӣ нақши басо муҳим дошта, арсаи муборизаи шадиди дохилӣ ва байналхалқӣ гардидааст, ки манфиатҳои кишварҳои гирду атроф ва ҳамсояҳои наздикро фаро гирифта, боиси сар бар задани таҳдиду хатарҳои ҷиддӣ гардиданаш аз эҳтимол дур нест. Бо таваҷҷўҳ ба ин ҳолат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон оид ба мураккабиҳои ҷаҳони муосир, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард”, васеъшавии ҷуғрофияи низоъҳо ва нооромиҳо изҳори нигаронӣ карданд.
Бо баробари ин, ёдовар шудан бамаврид аст, ки Тоҷикистон чун як давлати мустақил ба арсаи ҷаҳонӣ қадамҳои нахустини худро дар солҳои 90-уми асри ХХ гузошта, пеш аз ҳама ба ҷанги шаҳрвандӣ дучор гардид ва ба ҷиноятҳои ҳам анъанавӣ ва ҳам навини асри ХХ-ХХ1 аз қабили терроризм, экстремизм, сепаратизм, хариду фурӯши силоҳ, савдои одамон ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дучор гардид.
Чун имрўз он ҳама давраҳои вазнин паси сар шуданду ба ҳукми таърих даромаданд, бо ифтихор метавон гуфт, ки халқи тоҷик таҳти сарварии фарзанди бузургаш Пешвои тоҷикони ҷаҳон, сармеъмори сулҳ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои беназиру сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ соҳиб мегардад. Воқеан таҷрибаи сулҳи тоҷикон аҳамияти ҳам миллӣ ва ҳам байналмилалӣ касб намуд. Сулҳу амнияти бадастовардаи Тоҷикистонро сиёсатмадорон ва сарварони созмонҳои бонуфузи ҷаҳон баҳо баланд додаанд.Чунончӣ, роҳбари собиқи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ Кротов Михаил Иосифич зимни яке аз баромадҳояш, ки дар шаҳри Душанбе соли 2000 ба вуқўъ пайваста буд, бамаврид қайд кардааст, ки “Сулҳи ба даст овардаи тоҷикон дар тамоми ҷаҳон чун таҷрибаи нодир эътироф шудааст, ки дар тўли 50 соли охир назири худро надорад.” Ва ё суханони собиқ Президенти Ҳиндустон марҳум Кочерил Раман Нараянан соли 2001 оид ба шахсияти Пешвои муаззами миллат чунин иброз дошта буд: “Моро кўшишҳои хастагинопазири Ҷаноби Олӣ, Президент Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати барқарорсозии сулҳ, оштии миллӣ ва раванди созанда дар Тоҷикистон, ки ҷомеаи муосири озод месозад, ба ҳайрат гузошт. Боварӣ дорем, ки ин кўшишҳои халқи боистеъдод ва меҳнатдўсти Тоҷикистон самараи нек хоҳанд овард.”
Аз ин масъалаҳои матраҳшуда, он ҳизбҳои таҳрибкор ва анчуманҳои навтаъсис, ки худро “адолатпарвару наҷобахши миллат” мешуморанд, андеша кунанд! Онҳо кистанд?! Ва кадом амалҳои некашонро халқи тоҷик медонанд ва дар арсаи байналмилалӣ ба ғайр аз хоҷагони хориҷиашон боз кадом ашхосон онҳоро мешиносанд? Бо ибораи дигар таъкид мекунем, ки онҳо бояд доир ба дастовардҳои беназири Тоҷикистони соҳибистиқлол ва аз суханҳои шахсиятҳои барўманди давлатҳои абаркудрати зикршуда, ки хело бо смимияти афзун нисбати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои сазовор додаанд, хулосаи зарурӣ бароварданашон ҳатмӣ аст! Набояд корашон кофтукови айби касон ва ғаразҳои сиёсию иқтисодӣ бошад.
Бо назардошти чунин андешаварзӣ, фикри сареҳу равшани шахсиятҳои шинохтаи сатҳи ҷаҳонӣ истиқболи ҳамаҷониба намуда, тақозои онро дорем, ки бе ҳизбҳои бемояву тахрибкор ва анҷуманҳои навтаъсис ҳам муҳити сиёсиву фарҳангии Тоҷикистон пок ва рукнҳои давлатдории он қоиму барпо хоҳанд истод. Алҳол, Тоҷикистони соҳибистиқлол аз ҳаргуна ҳизбу анҷумнҳо ба пешниҳоду маслиҳатҳо ниёз надорад. Дар интиҳои изҳороти хеш, метавон чунин натиҷагирӣ кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси наҷотдиҳанда, таҳкимгар ва рушду такомулдиҳандаи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, давлативу ҳуқуқӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ ва инчунин ба сифати андешаи илмӣ татбиқи амалии онҳоро таъмин намуданд, ки ҳамаи ин дастовардҳоро бояд ҳар як фарди бонангу номуси Тоҷикистон ҳифз намояд ва дар мубориза алайҳи хатарҳои глобалии ҷаҳонӣ саҳм гузошта, барои ободонии Ватан ва афзудани номи неки он талош варзад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *