ҲАДАФҲОИ МУҒРИЗОНАИ ТТЭ ҲНИ ОМИЛИ БЕСУБОТИ ҶОМЕА

Дар оинаи таърихи дини мубини ислом фирқа, ҳизб ва ҳаракатҳои зиёди мазҳабӣ фаъолият бурдаанд, ки ҳадафҳои муғризонаи сиёсии худро зери пардаи имону ислом пеш мебурданд. Пайдо шудани чунин падидаҳои номатлуби мазҳабӣ, амнияти кишварро халалдор намуда, ба пойдории давлати миллӣ ва рушди босуботи иқтисодӣ халал мерасонад. Яке аз чунин ҳизбҳои мазҳабӣ-сиёсӣ Ташкилоти террористӣ-эктремистии Ҳизби назҳати исломӣ мебошад. Ҳадафи аслии ТТЭ ҲНИ ин ба даст овардани ҳукумати кишвар буда, махсусан, баъди эъломияи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон фаъолиташро ҷоннок намуд. Дар натиҷа замини тоҷикон ба кушторгоҳи бузурги бародар бо бародар табдил ёфта, он панҷ сол идома дошт ва дар натиҷа ҳазорҳо одамон кушта ва миллионҳо мардум фирории иҷборӣ шуданд. Иқтисодиёти кишвар дар ҳамаи самтҳо таназзул ёфта, тахминан 7 млрд. доллари амрикоӣ хасороти иқтисодӣ дид.
Имрӯз ҳам ТТЭ ҲНИ аз мақсадҳои сиёсиаш даст накашида, ҷанги шадиди иттилотиро берун аз Тоҷикистон роҳандозӣ намудааст. Намояндагони он бо ҳар хел баҳонаҳои беасос роҳбарияти кишварро танқид намуда, мехоҳанд ки дар байни мардуми кишвар бадбинӣ ва тафриқаро эҷод намоянд. Аслан чунин ҳизбҳои террористию экстремистӣ байни ҳамдигар алоқаи зич дошта, дар ҳолати муносиб метавонанд бари якдигар ҳозир шаванд ва ба тазъиқу фишор рӯй оранд. Чӣ хеле, ки медонем шароити сиёсӣ дар минтақаи Осиёи Марказї, алалхусус дар Афғонистон хеле ташвишовар буда, диққати тамоми кишварҳои абарқудратро ба худ ҷалб намудааст. Баъди шикасти ДОИШ дар Сурия ва Ироқ як қисми террористҳо ба кишвари Афғонистон кӯч бастаанд, ки ба амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳдид менамоянд. Тибқи маълумоти расонаҳои хабарӣ, дар сарҳади кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон аз тарафи Афғонистон то 10 ҳазор сипоҳиёни ДОИШ ҷамъ шудаанд, ки дар вақти қулай барои ҳуҷум ба ин кишварҳо қодиранд.
Имрўз бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа масъулиятшинос бошанд, бо сохторҳои қудратӣ ҳамкорӣ намоянд ва мардумро аз таъсири ин вабои аср эмин нигоҳ доранд. Вазифаи ҳар аъзои ҷамъият аз он иборат аст, ки барои рушди иқтисодии ва пешравиҳо боз ҳам аз гузашта бештар кӯшишу ғайрат намоянд.
Мо боварии комил дорем, ки миллати сарбаланди тоҷик дар атрофи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ шуда, пеши роҳи ин гуна ҳизбҳои террористӣ-экстремисторо мегиранд ва ватани азизамонро мисли гавҳараки чашм эҳтиёт менамоянд.

Сармуаллими кафедраи иқтисодиёти ҷаҳони

ДИС ДДТТ Содирхон Умаров

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *