Дар шароити шиддат ёфтани таҳдиду хатарҳои радикализм ва терроризм дар миқёси ҷаҳони имрӯза зарурият ва аҳамияти таъмини амнияти миллӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳамоҳангсозии сиёсати сулҳҷӯёна бештар афзуда истодааст.
Аз кишварҳои Осиёи Миёна ба амнияти кишвари мо бештар хатарҳои радикализм ва терроризм таҳдид мекунад. Ба ин ҳамсарҳад будани Тоҷикистон бо Афғонистон, авҷ гирифтани фаъолияти амалиётҳои террористии Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) дар Афғонистон ва Тоҷикистон, дар кишварҳои Аврупо озодона фаъолият бурдани роҳбари собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИ) М. Кабирӣ бо ниқоби нави Паймони миллии Тоҷикистон (ПМТ) мисол шуда метавонад.
Ба ёд овардан бамаврид, ки дар санаи 7 ноябри соли 2018 дар ҳабсхонаи шаҳри Хуҷанд бо роҳбарии террористи ДИИШ ошӯб ташкил карда шуда буд, ки дар натиҷа 25 нафар кушта шуданд.
Санаи 13-уми ноябри соли 2018 муовини якуми Комитети давлатии бехатарии миллӣ Мансурҷон Умаров дар бораи дастгир шудани 12 нафар аъзоёни ДИИШ маълумот дод. Онҳо ба амали террористӣ тайёрӣ дида истода будаанд, ки дар ҳавлии яке аз онҳо маводи тарканда ёфт шуд. Тибқи маълумотҳо террористон ба базаи ҳарбии 201-уми Россия таҳдид намудаанд. Дар соли 2016 чунин ҳуҷум ба базаи ҳарбии Россия дар шаҳри Балхаши Қазоқистон бартараф дода шуда буд.
Дар санаи 19-уми майи соли 2019 дар ҳабсхонаи шаҳри Ваҳдат бо роҳбарии аъзоёни ДИИШ ошӯб баргузор гардид, ки дар натиҷа бо маълумоти нопурра 29 нафар кушта шуданд.
Дар иртибот ба ин, қайд кардан бамаврид аст, ки бо дастгир шудани гурӯҳи террористии тарафдорони ДИИШ дар шаҳри Москва тасдиқ шуд, ки дар ҳақиқат дастгиршудагон шаҳрвандони Осиёи Марказӣ буда, аз ҷониби эмиссарҳои Сурия идора карда мешуданд. Мувофиқи маълумоти Хадамоти бехатарии федералӣ як қатор амалҳои террористӣ бо истифодаи яроқи оташфишон, яроқҳои тарканда ба нақша гирифта шуда буданд. Бо баробари ин, вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Кайрат Абдураҳманов воқеан бозгаштани ҷанговарони ДИИШ-ро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ “хатари реалӣ” барои минтақа номида буд. Ба ақидаи экспертҳо, омили ҳамсоягӣ бо Афғонистан ба тамоми минтақа таъсири манфӣ дорад. Ин проблема на фақат ба Тоҷикистон, балки ба кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ пешқадам ба монанди Қазоқистон ва Ӯзбекистон низ яке аз аввалинҳо мебошад.
Дар моҳи сентябри соли 2018 сардори Маркази антитерротистии ИДМ
генерал-полковники политсия Андрей Новиков дар машқҳои байналхалқии «Иссиқ-Кӯл –Антитеррор-2018» изҳор дошт, ки аз тарафи террористон кӯшишҳои ташкили “маркази нави халифат” дар Осиёи Марказӣ ва ба он дохил шудан аз Афғонистон шуда буд. Ҳамаи ин таҳдидҳои террористиро ба минтақаи мо ва тамоми кишварҳои ИДМ дарозмуддат мегардонад.
Бо баробар ин қайд намудан ҷоиз аст, ки имрўз дар кишварҳои Аврупо озодона фаъолият бурдани М.Кабирӣ роҳбари собиқ ҲНИ бо ниқоби нави ПМТ аз дастгирии хоҷагони хориҷӣ амалӣ шуда истодааст. Онҳо дар шаҳрҳои Варшава, Берлин, Вена нишасти матбуотӣ ташкил намуда, бар муқобили кишвари озоди мо бӯҳтонҳо ва иғвогариҳо эҷод намуда истодаанд. Ба ақидаи онҳо босмачиён қаҳрамонони миллати тоҷик будаанд. Бо ин ақидаашон онҳо моҳияти худашонро дар симои босмачиҳо нишон дода истодаанд, ба монанди ғоратгарӣ, роҳзанӣ, ниқоб кардани дини мубини Ислом ва ғайра.
Бо назардошти гуфтаҳои дар боло зикршуда, имрўз бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа масъулиятшинос бошанд, бо сохторҳои қудратӣ ҳамкорӣ намоянд ва мардумро аз таъсири ин вабои аср эмин нигоҳ доранд. Вазифаи ҳар аъзои ҷамъият аз он иборат аст, ки барои рушди иқтисодӣ ва пешравиҳои кишвари хеш боз дар якҷоягӣ минбаъд низ кӯшишу ғайрат равона намоянд.
Иброҳимов И.И. , дотсенти кафедраи математекаи
олӣ ва технологияхои инноватсионӣ