Воқеаи куштор ва задухурд дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардид. Даст ба чунин амалҳои зишт задан нобахшиданист. Бар асари задухурдҳои мусаллаҳона се нафар сарбозони шуҷои Ватан кушта шуданд ва чандин нафар сокинони осоишта захм бардоштанд. Ҳукумати кишвар барои ором кардани авзоъ тамоми тадбирҳоро меандешад. Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба маҳалли даргириҳо ташриф оварда, бо сарвазири Қирғизистон гуфтушунид намуд.
Сарвазирони Тоҷикистону Қирғизистон дар робита ба задухурди мусаллаҳонае, ки бо марги сарбозон анҷомид, изҳори таассуф ва ба пайвандону наздикони ҳалокшудаҳо ҳамдардӣ баён карданд. Ҷонибҳо ҳамчунин хостанд, ки корҳо дар самти таъйин ва аломатгузории хати марзҳои давлатӣ тақвият дода шаванд. Сарвазирон бори дигар ҷонибдории худро аз созишномаҳои ҳосилшуда баён карда, гуфтаанд, ки ҳангоми ҳалли масъалаҳои марзӣ бояд аз равишҳои созанда кор гирифт.
Дар аввалин фурсат маркази матбуоти Қӯшунҳои Сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман изҳорот дод, ки ҷониби қирғиз бар хилофи созишномаҳои қаблан ба имзорасида дар ҳудуди майдони варзишии маҳаллаи Баҳори ҷамоати Овчӣ–Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд сохтмони иншооти номаълумро роҳандозӣ кардаанд, ки амали мазкур сабаби норозигии мардуми Ҷамоати Овчӣ- Қалъача гардидааст. Расман дар изҳороти мазкур таъкид шуд, ки ҷониби қирғиз бар хилофи созишномаҳои қаблан ба имзорасида дар ҳудуди майдони варзишии маҳаллаи Баҳори ҷамоати Овчӣ–Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд сохтмони иншооти номаълумро роҳандозӣ карда.
Натиҷаи чунин беэҳтиромӣ нисбат ба созишномаҳои байнидавлатӣ ба фоҷеаи нангине ба поён расид, ки марги се тан аз сарбозони шуҷои Ватани моро дар пай дошт. Худ равшан аст, ки ҷониби Тоҷикистон чун пештара ҳамон фарҳанги таҳаммулпазириро пеша намуда, аз яроқ истифода накард ва натиҷааш сина сипар кардани ин марзбонон ва маҷрӯҳ шудани чанд нафари дигар аст. Ҷои таассуф он аст, ки дар аввалин фурсат ҷониби қирғиз изҳороте пахш намуд, ки гӯё ҳамла аз ҷониби Тоҷикистон сар зада бошад ва кишвари моро айбдор намуд. Ин дар ҳолест, ки дар ҳамаи наворҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои хабарӣ паҳншуда ҳақиқати ҳол барои ҷомеаи ҷаҳонӣ равшан шуд, ҳатто маросими дафни сарбозони тоҷик ҳам манзур гардид.
Мо ањли ҷомеаи меҳнатии ДИС ДДТТ боварии комил дорем, ки барои аз байн рафтани масоили муноқишаҳои марзӣ тадбирҳои муассир андешида мешавад, ақли солим ғалаба менамояд ва ҳамаи масъалаҳои марзӣ бо ҳусни ният, ҳамдигарфаҳмӣ, мунсифона ва одилона ҳалли худро меёбанд.