Таърих гувоҳ аст, ки тоҷикону қирғизон фарҳанги қадима ва ѓании муштарак доранд, ки дар тӯли таърихи зиёда аз чорсадсол новобаста ба таъсирҳои омилҳои беруна меҳвари аслии бародарию ҳамдигарфаҳмии худро нигоҳ дошта меояд.
Мутаассифона, солҳои охир моҷароҳои миллӣ – этникӣ дар хусуси ҳудуду обу замин ва дигар масъалаҳои маишӣ ба мушоҳида мерасанд. Масалан воқеаҳои низоангезӣ, байни сокинони ҷамоати деҳоти Ворухи ноҳияи Исфара, Овчӣ- Қалача ноҳияи Б.Ғафуров ва деҳаи Оқсой ва ноҳияи Лейлаки вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон мебошад, ки онро албатта истисно бояд ҳисобид.
Табиист, ки мо дар ҷомеаи демократӣ ҳаёт ба сар мебарем ва чунин ҷомеа озодии рафтор, муносибат, интихоби озод ва амсоли инро тақозо ва таъмин мекунад. Аммо ин озодиҳо бояд меъёр ва ҳадди худро дошта бошанд ва набояд, ки бо нофаҳмии чанд нафаре дӯстии бисёрасраи мо халадор гардад. Ҳарчанд ҳудуди ҳар гуна озодиро пеш аз ҳама қонунҳо муайян мекунад, аммо дар ин самт маърифати инсонӣ бояд нақши муҳимро дошта бошад.
Дар замони муосир, ки табиати ҷаҳонишавиро ба худ касб кардааст, имконоти таъсири қувваҳои ихтилофангез меафзояд. Аз ин рӯ, мо бояд ба ҳар гуна иғвоҳо ва дасисаҳои беруна фирефта нашуда, дӯстиву рафоқат ва анъанаи неки ҳамсоядориро риоя намоем.
Мо аҳли кафедраи математекаи олӣ ва технологияҳои инноватсионӣ боварии комил дорем, ки барои аз байн рафтани масоили муноқишаҳои марзӣ амиқан ақли солим ғалаба менамояд ва дар заминаи таҳамулпазирию ҳамдигарфаҳмӣ, гузашткунӣ бо назардошти дурнамои рушду нумуи халқи тоҷику қирғиз ҳалли адолатноки худро хоҳад ёфт.