АҲАМИЯТИ НЕРӮГОҲИ БАРҚИИ РОҒУН БАҲРИ РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ ИҚТИСОДИВУ ИҶТИМОИИ МАМЛАКАТ

Роғун мушкилтарин тарҳе аст, ки саддҳои сиёсиву иқтисодӣ дошт ва аз чанд таҳқиқи байналмилалӣ гузашт. Шаҳрвандони Тоҷикистон ояндаи кишвари худро ба шурӯи фаъолияти нирӯгоҳ вобаста мекунанд.
Нирӯгоҳи Роғун аз 6 чарха иборат аст ва дар сурати такмили он солона то 17 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ тавлид хоҳад кард, ки ба қавли мақомот, натанҳо барои истифода дар дохили кишвар, балки барои минтақаҳои васеъ дар Афғонистону Покистон ҳам кофӣ хоҳад буд. Сарбанди нирӯгоҳи Роғун, ки баландиаш 335 метрро ташкил медиҳад, дар ҷаҳон баландтарин Сохтмони силсилаи нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар дарёи Вахш ба нақша гирифта шуда буд. Дар ин навбат нахустинаш нерӯгоҳи Норак дар рӯди Вахш ҳисоб меёфт, ки ин дарё шохоби рӯди Ому мебошад.
Корро ба таъхир наандохта ба асосноккунии техникию иқтисодӣ ва харҷу дахли лоиҳа шурӯъ намуданд. Соли 1972 ҳаҷми пурраи асосноккунии техникию иқтисодии нерӯгоҳи Роғун ба анҷом расид. Асосноккунии техникию иқтисодиро Вазорати барқи ИҶШС баррасӣ ва муҳокима карда, аз тарафи Комиссияи иқтисодии давлатии Госплани ИҶШС бо иштироки намояндагони ваколатдори тамоми ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ тасдиқ намуд (Қарори КИД-и Госплани ИҶШС, №6 аз 27.02. соли 1974). Экспертизаи Асосноккунии техникию иқтисодӣ, хулосаҳоро дар бораи боэътимодии техникӣ ва самаранокии баландии нерӯгоҳи Роғун комилан собит кард (Се навъи дарғоти неругоҳи Роғун баррасӣ гардид), арзу тӯли асосии нерӯгоҳ ва обанбор пазируфта шуд.
Мураттабсозии лоиҳаи техникӣ соли 1974 шурӯъ гардида, моҳи ноябри соли 1978 ба анҷом расонида шуд. Моҳҳои ноябр-декабри соли 1978 лоиҳа аз тарафи экспертизаи пажӯҳишгоҳи Гидропроект таҳти муҳокима қарор гирифт(протоколи шӯрои техникӣ №72 аз 26.12. соли 1978), моҳи июни соли 1979 муҳокимаи он дар Шӯрои Илмию Техникии Вазорати барқи ИҶШС ба анҷом расид (протоколи №70 аз 27.06. соли 1979). Моҳи октябри соли 1980 лоиҳа аз тарафи Экспертизаи асосии давлатии Гостройи (Сохтмони давлатӣ) ИҶШС ва ГКНТ ИҶШС (Қарор мутобиқи мактуби Гострой ИҶШС аз 16.10.соли 1980 №380) ва моҳи ноябри соли 1980 бо фармони Шӯрои Вазирон тасдиқ карда шудааст (дастури №2411-р аз 27.11. соли 1980) дар арзу тӯли қабулгардида.
Лоиҳа бо тамоми ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна мувофиқа шуда, аз тарафи онҳо ҳамчун лоиҳаи минтақавӣ доир ба таъминкунандаи талаботи рӯзафзуни барқи покиза ва захираҳои об маъқул дониста шуд. Соли 1990 лоиҳа аз тадқиқи махсуси мустақими назди Комиссияи давлатии экспертизаи Госплани ИҶШС гузашт ва боэътимодии иншооти сохташавандаи неругоҳ мутобиқи маводи тасдиқшудаи лоиҳа ва ба ҳисоб гирифтани ҳамаи амалиёту санҷишҳо қабул гардид.
Зарурияти гузаронида шудани ин санҷиш бо Қарори КМ ҲКИШ ва Шӯрои Вазирони ИҶШС №1110 аз 19.09. соли 1988 “Дар бораи чораҳои комилан беҳтар кардани вазъияти экологӣ ва санитарӣ дар минтақаи баҳри Арал” вобаста буд, ки дар ин вақт акнун муаммои Аралро ба назар нагирифтан имкон надошт. Дар асоси мушоҳидаҳои зоҳирӣ, натоиҷи тадқиқ ва таҳқиқи иловагӣ, инчунин таҷрибаҳои истеҳсолӣ ва ахборе, ки дар ҷараёни сохтмони неругоҳ ҷамъ шудаанд, маводи фаровони дақиқ ба даст омаданд, ки ба шарофати ин кулли маълумоти муҳимтарини лоиҳаро хостан дар боби муҳандисию геологӣ ва асоснокии зилзилашиносӣ тасбит месозанд.
НБО «Роғун» ҳамчун иншооти бузурги аср ба дилу дидаи мардуми тоҷик ва ҳатто мардуми берун аз марзу буми кишвари азиз ҷой гашта, нест тоҷике, ки ин сохтмонро дастгириву мададгор нашуда бошанд.
Имрӯз миллати тоҷик кохи нуру маърифати тоҷикистониёнро бо қувваи дасти хеш, бозуву ақлу хиради худ, бо маблағи ба арақи ҷабин бадастовардаи хеш бино карда истодаанд, ки Худованди мутаол ба ҳар яки ин мардуми барнодил азму субот ва кувваи бузург бахшидааст.

Қоситова У.О.
н.и.и., муаллимаи калони
кафедраи молия ва қарз

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *